>

Маркази тарҷумаи Равод — 253

13:29 Касоне, ки имон овардаанд ва корҳои шоиста кардаанд, хушо бар онон! Ва нек саранҷоме доранд

13:30 [Эй Паёмбар] Бад-ин сон туро байни уммате фиристодем, ки пеш аз онҳо умматҳое омада [ва рафта] буданд, то он чи бар ту ваҳй кардаем, бар онон бихонӣ ва ҳол он ки онон ба [Парвардигори] раҳмон куфр меварзанд. Бигӯ: «Ӯ Парвардигори ман аст [ва] маъбуде [барҳақ] ҷуз Ӯ нест. Бар Ӯ таваккал кардам ва бозгаштам ба сӯйи Ӯст»

13:31 Ва [ҳатто] агар Қуръоне буд, ки кӯҳҳо аз [ҳайбати] он ба ҳаракат дармеомад ва замин пора-пора мешикофт ё мурдагон аз [тиловати] он ба сухан дармеомаданд, [боз ҳам кофирон имон намеоварданд]. Амри [тадбири ҷаҳон ва нузули муъҷизот] аз они Аллоҳ таоло аст. Оё касоне, ки имон овардаанд, намедонанд, ки агар Аллоҳ таоло мехост, ҳатман, ҳамаи мардумро ҳидоят мекард? Ва касоне, ки куфр варзиданд, пайваста ба [сазои] он чи кардаанд, гирифтори мусибати кӯбандае мешаванд ё [азоби илоҳӣ] наздики хонаҳояшон фуруд меояд ё [саранҷом] ваъдаи Аллоҳ таоло фаро мерасад. Бе тардид, Аллоҳ таоло хилофи ваъда намекунад

13:32 [Эй Паёмбар] Яқинан, паёмбароне, ки пеш аз ту буданд, [низ] мавриди тамасхур воқеъ шуданд, он гоҳ ба касоне, ки куфр варзиданд, муҳлат додам, сипас ононро [ба азоб] фурӯ гирифтам. Пас, [бингар, ки] кайфари ман чи гуна буд

13:33 Оё он [Парвардигоре], ки ҳоким бар ҳар кас ва [нозир бар] рафтору кирдори ӯст, [ба парастиш сазовортар аст ё бутҳои беҷон]? Ва [кофирон] барои Аллоҳ таоло шариконе қарор додаанд. Бигӯ: «Ононро ном баред». Оё [мехоҳед ба] ӯ дар бораи он чи дар замин аст ва ӯ намедонад хабар диҳед, ё фақат сухани сатҳие ва [беасос] мегӯед? [Чунин нест] балки барои касоне, ки куфр варзидаанд, найрангашон ороста шудааст ва аз роҳи [ҳақ] боздошта шудаанд ва ҳар киро Аллоҳ таоло гумроҳ гузорад, ҳидоятгаре нахоҳад дошт

13:34 Онон дар зиндагии дунё азоб [-и дардноке] доранд ва ҳатман, азоби охират сахттар аст ва дар баробари [азоби] Аллоҳ таоло ҳеҷ [ёру] мудофеъе надоранд