>

Маркази тарҷумаи Равод — 252

13:19 Оё касе, ки медонад, ки он чи аз [тарафи] Парвардигорат бар ту нозил шуда, ҳақ аст, монанди касест, ки [нисбат ба ҳақ] нобиност? Танҳо хирадмандон панд мегиранд.

13:20 [Ҳамон] Касоне, ки ба паймони Аллоҳ таоло вафо мекунанд ва аҳд намешикананд

13:21 Ва касоне, ки ҳар он чиро Аллоҳ таоло ба пайванд кардани он фармон додааст, мепайванданд [силаи раҳим мекунанд] ва аз Парвардигорашон метарсанд ва аз сахтии ҳисоб меҳаросанд

13:22 Ва касоне, ки барои касби хушнудии Парвардигорашон шикебоӣ кардаанд ва намоз барпо доштаанд ва аз он чи ба онон рӯзӣ додаем, пинҳону ошкоро инфоқ кардаанд ва бадиро бо некӣ мезудоянд. Ононанд, ки нек фарҷоме хоҳанд дошт.

13:23 [Подошашон] Боғҳои ҷовидон [-и биҳишт аст], ки онон ва ҳар як аз падарон ва ҳамсарону фарзандонашон, ки накукор будаанд, ба он ворид мешаванд ва фариштагон аз ҳар даре бар онон дармеоянд

13:24 [Ва ба онон мегӯянд] «Салом бар шумо ба [подоши] он чи [бар имонатон] шикебоӣ кардаед. Пас, чи накуст фарҷоми он саро!»

13:25 Ва касоне, ки паймони Аллоҳро пас аз устувор карданаш мешикананд ва он чиро, ки Аллоҳ таоло ба пайвастанаш фармон додааст [силаи раҳим] қатъ мекунанд ва дар замин [фитнаву] фасод мекунанд, инонанд, ки [дар охират] лаънат ва бад фарҷоме доранд

13:26 Аллоҳ таоло [неъмату] рӯзиро бар ҳар ки бихоҳад, густурда медорад ва ё танг мегирад ва [кофирон] ба зиндагии дунё шод шуданд, ва[-ле] зиндагии дунё дар [баробари] охират ҷуз баҳрае [ночиз] нест

13:27 Ва касоне, ки куфр варзиданд, мегӯянд: «Чаро нишонае аз [сӯйи] Парвардигораш бар ӯ нозил нашудааст»? Бигӯ: «Бе тардид, Аллоҳ таоло ҳар киро, ки бихоҳад гумроҳ мекунад ва ҳар киро, ки тавба намояд, ба сӯйи хеш ҳидоят мекунад»

13:28 [Ҳамон] Касоне, ки имон овардаанд ва дилҳояшон ба ёди Аллоҳ таоло ором мегирад. Бидонед, ки бо ёди Аллоҳ таоло аст, ки дилҳо ором мегирад