Маркази тарҷумаи Равод — 251
13:14 Даъват ба ҳақ [тавҳид] аз они Ӯст ва [бутҳо ва дигар] касонеро, ки [мушрикон] ба ҷойи Ӯ мехонанд, [ҳаргиз] ба эшон посухе намедиҳанд, магар монанди касе, ки ду дасташро ба сӯйи об бикушояд, то [об] ба даҳонаш бирасонад, дар ҳоле ки [ҳеҷ обе] ба [даҳони] ӯ намерасад ва дуои кофирон [дар баробари бутҳояшон] ҷуз дар гумроҳӣ нест
13:15 Ва ҳар ки [ва ҳар чи] дар осмонҳо ва замин аст, хоҳу нохоҳ ва [ҳатто] сояҳояшон бомдоду шабонгоҳ барои Аллоҳ таоло саҷда [ва фурӯтанӣ] мекунанд
13:16 [Эй Паёмбар, ба мушрикон] бигӯ: « Парвардигори осмонҳо ва замин кист»? Бигӯ: «Аллоҳ таоло». [Сипас] Бигӯ: «Оё ба ҷойи Ӯ [дӯстону] корсозоне баргузидаед, ки [ҳатто] молики суду зиёни худ нестанд»? Бигӯ: «Оё нобино ва бино баробаранд? Ё торикиҳо ва нур яксонанд? Ё онон шариконе барои Аллоҳ таоло қарор додаанд, ки ҳамчун офариниши Ӯ офаридаанд ва [дар натиҷа амри] офариниш бар онон муштабаҳ шудааст»? Бигӯ: «Аллоҳ таоло офаринандаи ҳама чиз аст ва Ӯ ягонаи пирӯзманд аст
13:17 [Аллоҳ таоло] Аз осмон обе фурӯ борид, он гоҳ рӯдҳо ҳар як ба андозаи [ғунҷоиши] худ ҷорӣ шуданд ва селоб кафк рӯйи худ баровард ва аз он чи бар оташ меафрузанд [ва мегудозанд], то зевар ё колое ба даст оваранд, [низ] кафке ҳаммонанди он [аз об бармеояд]. Аллоҳ таоло ҳаққу ботилро инчунин мисол мезанад. Ва аммо кафк ба каноре меравад ва нест мегардад, вале он чи ба мардум суд мерасонад, бар замин [боқӣ] мемонад. Аллоҳ таоло масалҳо инчунин баён мекунад
13:18 Барои касоне, ки [даъвати] Парвардигорашонро иҷобат карданд, подоши неки [биҳишт дар пеш] аст ва касоне, ки [даъвати[ Ӯро иҷобат накарданд, агар тамоми он чи дар замин аст ва [низ] ҳаммонандашро бо он доштанд, яқинан [ҳозир буданд, ки ҳамаро] барои раҳоии хеш [аз азоб] бипардозанд [вале аз эшон пазируфта нахоҳад шуд]. Онон ҳисоби баде доранд [ва бозхосте бисёр сахт] ва ҷойгоҳашон дузах аст ва чи бад ҷойгоҳе ҳаст!