Маркази тарҷумаи Равод — 250
13:6 Ва [эй Паёмбар, мушрикон] пеш аз некӣ [раҳмат] ба шитоб аз ту бадӣ [азоб]-ро дархост мекунанд ва ҳол он ки пеш аз эшон [низ бар кофирон] уқубатҳои ибратомӯз рафтааст ва ба ростӣ, Парвардигорат нисбат ба мардум, бо вуҷуди ситамгориашон омурзандааст ва бешак Парвардигорат сахткайфар аст
13:7 Кофирон мегӯянд: «Чаро нишонаҳо [ва муъҷизоте ҳаммонанди Мӯсо ва Исо] аз Парвардигораш бар ӯ нозил нашудааст»? [Эй паёмбар] бе тардид, ту фақат бимдиҳандаӣ ва ҳар қавме [паёмбари] ҳидоятгаре дорад
13:8 Аллоҳ таоло медонад он чиро, ки ҳар модае [дар раҳим] бор мегирад ва [низ] он чиро, ки раҳимҳо мекоҳанд ва он чиро меафзоянд ва ҳар чизе назди Ӯ ба андоза [ва дақиқ] аст
13:9 [Ӯ] Донои ниҳону ошкор [ва] бузургу баландмартаба аст
13:10 [Эй мардум] Ҳар касе аз шумо, ки сухани худро пинҳон кунад ё онро ошкоро баён созад ва ҳар ки дар [торикии] шаб пинҳон гардад ё дар рӯз [ба дунболи анҷоми корҳояш] биравад, [дар илми илоҳӣ] яксон аст [ва Ӯ ҳамаро медонад]
13:11 Ӯ [Аллоҳ таоло] фариштагоне дорад, ки ҳамвора [бандаи] Ӯро аз пешорӯ ва аз пушти сараш ба фармони Аллоҳ таоло ҳифз мекунанд. Бе гумон, Аллоҳ таоло ҳол [ва сарнавишти накуи] ҳеҷ қавмеро тағйир намедиҳад, магар он ки онон он чиро, ки дар дилҳояшон доранд, дигаргун созанд [ва муртакиби гуноҳ шаванд]. Ва ҳангоме ки Аллоҳ таоло барои қавме [гирифторӣ ва] бадӣ бихоҳад, ҳеҷ чиз монеаш нахоҳад шуд ва онон ҷуз [Зоти поки] Ӯ ҳеҷ корсозе надоранд
13:12 Ӯст, ки барқро барои бим [соиқа ва оташ] ва умед [борон] ба шумо менамоёнад ва абрҳои гаронборро падид меоварад
13:13 Раъд ба ситоиши Ӯ ва фариштагон аз хавфу тарс Ӯро тасбеҳ мегӯянд ва [Ӯст, ки] соиқаҳоро мефиристад. Пас, он [соиқаи маргбор] ба ҳар ки Ӯ бихоҳад, бархӯрд мекунад ва онон [кофирон] дар бораи [ягонагии] Аллоҳ таоло муҷодала мекунанд ва Ӯ сахтгир [-у сахткайфар] аст