>

Маркази тарҷумаи Равод — 249

13:1 Алиф, лом, мим, ро.[1] Ин оёти китоби [осмонӣ] ва он чи аз [сӯйи] Парвардигорат бар ту нозил шудааст, ҳақ аст, вале бештари мардум имон намеоваранд

13:2 Аллоҳ таоло аст, ки осмонҳоро бидуни сутунҳое, ки онҳоро бубинед, барафрошт, он гоҳ бар Арш қарор гирифт ва хуршеду моҳро ба хидмат [-и инсон] гумоштааст, ки ҳар як то замоне муайян дар [мадори худ] равон бошанд. Ӯ кор [-и ҷаҳон]-ро тадбир мекунад ва оёти [хеш]-ро ба равшани баён медорад, бошад, ки ба дидори Парвардигоратон яқин пайдо кунед

13:3 Ва Ӯст он ки заминро бигустард ва дар он кӯҳҳои устувор ва ҷӯйборҳо падид овард ва дар он аз ҳар гуна мевае ду гуна офарид, шабро ба рӯз [ва рӯзро ба шаб] мепӯшонад. Ҳатман, дар инҳо барои мардуме, ки меандешанд, нишонаҳое [аз қудрати Парвардигор] аст

13:4 Ва дар замин қитъаҳое аст дар канори ҳам [ки бо якдигар мутафовитанд] ва [низ] боғҳое аз ангур ва киштзорҳову дарахтони хурмо, ки [нару модаанд ва] гоҳ аз як реша мерӯянд ва гоҳ аз решаҳое гуногунанд ва [ҳамаи онҳо] бо як об сероб мешаванд. Ва [бо ин ҳол] баъзе аз онҳоро дар [таъму хосияти] мева бар дигаре бартарӣ медиҳем. Бе тардид, дар ин [амр низ] барои мардуме, ки хирад меварзанд, нишонаҳо [-и равшане] ҳаст

13:5 Ва [эй паёмбар] агар [аз беимонии кофирон] тааҷҷуб мекунӣ, аҷиб [-тар] гуфтори онон аст, ки [дар бораи миод мегӯянд]: «Оё вақте хок шудем, воқеан [зинда мешавем ва] дар офариниши ҷадиде хоҳем буд»? Инонанд, ки ба Парвардигорашон куфр варзидаанд ва дар гарданҳояшон [аз оташ] занҷирҳост ва онон аҳли оташанд [ва] дар он ҷовидонанд