Маркази тарҷумаи Равод — 248
12:104 Ту аз онон барои ин [рисолат] подош намехоҳӣ. Ин [Қуръон чизе] нест, магар панде барои ҷаҳониён
12:105 Ва чи бисёр нишонаҳо дар осмонҳо ва замин вуҷуд дорад, ки бар онҳо мегузаранд, ва [-ле] аз онҳо рӯй бармегардонанд [ва таваҷҷуҳ намекунанд]
12:106 Ва бештарашон [дар зоҳир] ба Аллоҳ таоло имон намеоваранд, магар он ки [дар амал ба навъе] мушриканд
12:107 Оё [мушрикон] эмин ҳастанд аз ин ки азобе фарогир аз ҷониби Аллоҳ таоло бар онон фуруд ояд ё дар ҳоле ки ғофиланд, ногаҳон қиёмат бар эшон фаро расад?
12:108 [Эй Паёмбар, ба мардум] бигӯ: «Ин роҳи ман аст. Ман бо далели ошкор ба сӯйи Аллоҳ таоло даъват мекунам ва касоне, ки аз ман пайравӣ карданд [низ чунин мекунанд] ва Аллоҳ таоло поку муназзаҳ аст ва ман аз мушрикон нестам»
12:109 Ва Мо пеш аз ту ҷуз мардоне аз аҳли [ҳамин] шаҳрҳо [-ро ба паёмбарӣ] нафиристодаем, ки ба онон ваҳй мекардем. Оё дар замин гардиш накардаанд, то бубинанд саранҷоми касоне, пеш аз онон буданд, чӣ гуна будааст? Ва яқинан, сарои охират барои парҳезгорон беҳтар аст. Оё намеандешед?
12:110 [Мо ҳамчунон ба кофирон муҳлат медодем] То он гоҳ ки паёмбарон [аз нузули азоб] маъюс шуданд ва [мардум] пиндоштанд, ки ба онон дурӯғ гуфта шудааст. [Дар ин ҳангом] Ёрии Мо ба суроғашон омад. Пас, ҳар киро хостем, наҷот ёфт, ва[-ле] азоби сахти Мо аз гурӯҳи муҷримон бозгардонида намешавад
12:111 Яқинан дар достони онон барои хирадмандон ибратест. Ин [Қуръон] сухане нест, ки ба дурӯғ сохта шуда бошад, балки тасдиқкунандаи он чи [аз китобҳое] аст, ки пеш аз он [омада] аст ва равшангари ҳама чиз аст ва раҳнамуду раҳмате аст барои гурӯҳе, ки имон меоварад