>

Маркази тарҷумаи Равод — 247

12:96 Пас, чун муждарасон омад ва он [пероҳан]-ро бар чеҳраи ӯ афканд, пас, ногаҳон бино шуд [ва] гуфт: «Оё ба шумо нагуфтам, ки ман аз [лутфу бузургии] Аллоҳ таоло чизҳое медонам, ки шумо намедонед»?

12:97 Гуфтанд: «Эй падар, барои мо [ба хотири] гуноҳонамон омурзиш бихоҳ, [чаро ки] яқинан, мо гунаҳгор будем»

12:98 [Яъқуб] Гуфт: «Ба зудӣ бароятон аз Парвардигорам омурзиш металабам. Бе тардид, Ӯ омурзандаи меҳрубон аст»

12:99 Пас, [ҳамагӣ ба Миср рафтанд ва] чун бар Юсуф ворид шуданд, ӯ падару модарашро [дар оғӯш гирифт ва] назди худ ҷой доду гуфт: «[Ҳамагӣ ба Миср дароед, ки иншоаллоҳ [аз ҳар гуна озоре] эмин хоҳед буд»

12:100 Ва падару модарашро бар тахт нишонд ва [ҳамагӣ] барояш ба саҷда афтоданд ва [Юсуф] гуфт: «Падарҷон, ин таъбир [-и ҳамон] хобам аст, ки пештар дида будам. Парвардигорам онро рост гардонид [ва таҳаққуқ бахшид]. Яқинан, Ӯ ба ман некӣ кард, ки маро аз зиндон берун овард ва пас аз он ки шайтон миёни ману бародаронам фитна барпо кард, шуморо аз биёбон [-и Канъон ба Миср] овард. Бе тардид, Парвардигорам дар он чи мехоҳад, борикбин аст. Ба ростӣ, ки Ӯ донои ҳаким аст

12:101 Парвардигоро, маро аз фармонравоӣ [баҳрае] ато кардӣ ва илми таъбири хобҳо ба ман омӯхтӣ. Эй Падидоварандаи осмонҳо ва замин, Туӣ, ки дар дунё ва охират [дӯсту] корсози манӣ. Маро мусулмон [фармонбардор] бимирон ва ба шоистагон мулҳақ фармо»

12:102 Эй Паёмбар] ин [достон] аз хабарҳои ғайб аст, ки ба ту ваҳй мекунем ва ҳангоме ки [бародарони Юсуф алайҳи вай] бадандешӣ мекарданд ва найранг мезаданд, ту наздашон набудӣ

12:103 Ва бештари мардум муъмин нестанд, ҳатто агар [барои имон оварданашон] ҳирс биварзӣ