>

Маркази тарҷумаи Равод — 246

12:87 Эй писаронам, биравед ва дар бораи Юсуф ва бародаронаш ҷустуҷӯ кунед [ва хабар бигиред] ва аз раҳмати Аллоҳ таоло маъюс нашавед, [чаро ки] ҷуз гурӯҳи кофирон, касе аз раҳмати Аллоҳ таоло маъюс намегардад»

12:88 Пас, чун [писарони Яъқуб ба Миср рафтанд ва] бар ӯ [ Юсуф] ворид шуданд, гуфтанд: «Эй Азиз, ба мо ва хонадонамон [дар асари фақру хушксолӣ] сахтии фаровоне расидааст ва [инак] колои ночиз [ва моли андаке барои хариди ғалла] бо худ овардаем, пас, паймонаро бароямон комил кун ва бар мо садақа [ва бахшиш] кун. Бе тардид, Аллоҳ таоло бахшандагонро подош медиҳад»

12:89 [Юсуф] Гуфт: «Оё донистед, ки вақте [аз оқибати коратон] бехабар будед, дар ҳаққи Юсуф ва бародараш чи кардед»?

12:90 [Онон] Гуфтанд: «Оё ба ростӣ, ту [ҳамон] Юсуфӣ»? Ӯ гуфт: «[Оре] Ман Юсуфам ва ин бародари ман аст. Яқинан, Аллоҳ таоло бар мо миннат ниҳод. Ба ростӣ, ҳар ки парҳезкорӣ ва шикебоӣ кунад, пас, [бидонад, ки] бе тардид, Аллоҳ таоло подоши накукоронро табоҳ намекунад»

12:91 [Бародаронаш] Гуфтанд: «Ба Аллоҳ таоло савганд, [ки] яқинан, Аллоҳ таоло туро бар мо бартарӣ додааст ва мо, ҳатман, хатокор будем»

12:92 [Юсуф] Гуфт: «Имрӯз ҳеҷ сарзанише бар шумо нест. Аллоҳ таоло шуморо меомурзад ва Ӯ меҳрубонтарини меҳрубонон аст

12:93 [Акнун] Ин пероҳани маро бибаред ва бар рӯи падарам биандозед, то бино гардад ва [сипас] ҳамаи хонаводаи худро назди ман биёваред»

12:94 Ва чун корвон [аз Миср ба сӯйи Канъон] ба роҳ афтод, падарашон [ба атрофиёнаш] гуфт: «Агар маро камхирад нашуморед, [мегӯям, ки] яқинан, бӯйи Юсуфро эҳсос мекунам»

12:95 [Онон] Гуфтанд: «Ба Аллоҳ таоло савганд, ки ҳатман, [боз ҳам] дар иштибоҳи деринаат ҳастӣ»