>

Маркази тарҷумаи Равод — 245

12:79 [Юсуф] Гуфт: «Паноҳ бар Аллоҳ таоло, ки ҷуз он касеро, ки колоямонро наздаш ёфтаем, боздошт кунем! Он гоҳ [агар чунин кунем] ҳатман, ситамгор хоҳем буд»

12:80 Пас, чун [бародарон] аз ӯ ноумед шуданд, наҷвокунон ба гӯшае рафтанд. [Бародари] Бузургашон гуфт: «Магар намедонед, ки падаратон бо номи Аллоҳ таоло паймоне устувор аз шумо гирифтааст ва пештар [низ] дар мавриди Юсуф чи кӯтоҳие кардед? Ман ҳаргиз аз ин сарзамин намеравам, то падарам ба ман иҷозати [бозгашт] диҳад ё [он ки] Аллоҳ таоло дар бораам доварӣ кунад, [ки] бе тардид, Ӯ беҳтарин довар аст

12:81 [Шумо] Назди падаратон бозгардед ва бигӯед: «Эй падар, писарат дуздӣ кард ва мо ҷуз ба он чи медонистем, гувоҳӣ надодем ва аз ғайб огоҳ набудем [ки бидонем дуздӣ мекунад]

12:82 Ва аз [мардуми] шаҳре, ки дар он будем ва аз корвоне, ки бо он омадем, бипурс ва мо, ҳатман, ростгӯем»

12:83 [Яъқуб] Гуфт: «[Чунин нест] Балки ҳавои нафси шумо кор [-и ношоиста]-ро бароятон ороста аст, пас, [чораи кор] сабре накуст. Умед аст, ки Аллоҳ таоло ҳамаи ононро ба ман бирасонад. Бе тардид, Ӯ донои ҳаким аст»

12:84 Ва аз онон рӯ бигардонд ва гуфт: «Дареғ аз Юсуф»! Ва чашмонаш аз шиддати андуҳ [ва гиристан барои фарзандаш] сафед шуд ва ҳамчунон андуҳи худро фурӯ мехӯрд

12:85 [Писаронаш] Гуфтанд: «Ба Аллоҳ таоло савганд, ту [он қадр] пайваста аз Юсуф ёд мекунӣ, то [оқибат] ба сахтӣ бемор шавӣ ё бимирӣ»

12:86 [Яъқуб] Гуфт: «Ман аз дарду андуҳи хеш ба [даргоҳи] Аллоҳ таоло менолам ва аз [лутфу бузургии] Аллоҳ таоло чизҳое медонам, ки шумо намедонед»