>

Маркази тарҷумаи Равод — 244

12:70 Пас, ҳангоме ки борҳояшонро омода кард, ҷоми [подшоҳ]-ро дар бори бародараш [Бинёмин] гузошт, он гоҳ нидодиҳандае бонг баровард [ки]: «Эй корвониён, ҳатман, шумо дузд ҳастед»

12:71 [Бародарони Юсуф] Рӯ ба онон карданд ва гуфтанд: «Чи гум кардаед»?

12:72 [Коргузорон] Гуфтанд: «Паймонаи подшоҳро гум кардаем ва [он ки бонг бароварда буд, гуфт] ҳар ки онро биёварад, як бори шутур [ҷоиза] дорад ва ман зомини ин [подош] ҳастам»

12:73 [Бародарони Юсуф] Гуфтанд: «Ба Аллоҳ таоло савганд, шумо медонед, ки мо наёмадаем, то дар ин сарзамин фасод кунем ва мо [ҳаргиз] дузд набудаем»

12:74 [Онон] Гуфтанд: «Пас, агар дурӯғгӯ бошед, кайфараш чист»?

12:75 Гуфтанд: «Кайфари касе, ки [он паймона] дар бораш пайдо шавад, [ин аст, ки] худаш кайфари он бошад [ва ба бардагии шумо дарояд]. Мо ситамгоронро ин гуна муҷозот мекунем»

12:76 Пас, [Юсуф] пеш аз бори бародараш, шурӯъ ба [ҷустуҷӯи] борҳои онон кард, сипас он [паймона]-ро аз бори бародараш берун кашид. Ин гуна барои Юсуф чораандешӣ кардем, [то битавонад Бинёминро назди худ нигаҳ дорад, зеро ӯ] тибқи оини подшоҳи [Миср] наметавонист бародарашро боздошт кунад, магар ин ки Аллоҳ таоло бихоҳад. Мо дараҷоти ҳар киро бихоҳем боло мебарем ва [бидонед, ки] фаротар аз ҳар соҳибдонише донишваре ҳаст

12:77 [Бародарон] Гуфтанд: «Агар ӯ дуздӣ кардааст [шигифт нест, чаро ки] бародараш [низ] пеш аз ин дуздӣ карда буд. Пас, Юсуф онро дар дили хеш пинҳон дошт ва [нороҳатиаш] бар онон ошкор накард [ва бо худ] гуфт: «Шумо аз назари ҷойгоҳ [аз он чи вонамуд мекунед], бадтаред ва Аллоҳ таоло ба он чи баён мекунед, донотар аст»

12:78 Гуфтанд: «Эй Азиз, ӯ падари пире дорад [ки тоқати дурии фарзандашро надорад], пас, яке аз моро ба ҷойи ӯ бигир. Ба ростӣ, ки мо туро аз накукорон мебинем»