>

Маркази тарҷумаи Равод — 243

12:64 [Яъқуб] гуфт: «Оё ҳамон гуна, ки пештар шуморо нисбат ба бародараш [Юсуф] амин доштам, [ин бор ҳам] бар ӯ амин бидонам? Пас, Аллоҳ таоло беҳтарин нигаҳбон аст ва ӯ меҳрубонтарини меҳрубонон аст»

12:65 Ва чун бори худро кушоданд, сармояашонро ёфтанд, ки ба онон бозгардонда шуда буд. Гуфтанд: «Падарҷон, [дигар] чи мехоҳем? Ин сармояи мост, ки ба мо бозгардонида шудааст, [бад-ин васила] барои хонаводаи худ озуқа меоварем ва бародарамонро [низ] ҳифозат мекунем ва [бо бурдани Бинёмин] як бори шутур изофа мегирем. Ин паймона [барои Азизи Миср кори] осонест

12:66 [Яъқуб] Гуфт: «Ҳаргиз ӯро бо шумо нахоҳам фиристод, то бо ман ба номи Аллоҳ таоло паймони устуворе бибандед, ки ҳатман ӯро назди ман бозмеоваред, магар он ки гирифтор шавед [ва ҳеҷ як наҷот наёбед]. Пас, чун [аҳду] паймони устувори хеш ба ӯ доданд, [Яъқуб] гуфт: «Аллоҳ таоло бар он чи мегӯем, [гувоҳу] нигаҳбон аст»

12:67 Ва [ҳамчунон] гуфт: «Эй писаронам, [барои он ки ҷалби таваҷҷуҳ накунед] аз як дар ворид нашавед, балки аз дарҳои мухталиф дохил шавед ва [албатта, бо ин супориш] наметавонам чизе аз [қазо ва қадари] Аллоҳро аз шумо дур кунам. Ҳукм ҷуз барои Аллоҳ таоло нест. Бар Ӯ таваккал кардам ва таваккалкунандагон бояд бар Ӯ таваккал кунанд

12:68 Ва чун ҳамон гуна ки падарашон ба онон дастур дода буд, ворид шуданд. [Ин шеваи вуруд] Эшонро аз [қазои] Аллоҳ таоло бознадошт, вале [ҳар чи буд] ниёзи қалби Яъқубро бароварда кард. Ӯ аз [баракати] он чи бад-ӯ омӯхта будем, дорои донише фаровон буд, вале бештари мардум намедонанд

12:69 Ва чун [бародарон] бар Юсуф ворид шуданд, бародараш [Бинёмин]-ро назди худ ҷой дод [ва ба оҳистагӣ ба ӯ] гуфт: «Ман бародарат ҳастам, пас, аз корҳое, ки [бародаронамон] мекарданд, андуҳгин мабош»