Маркази тарҷумаи Равод — 242
12:53 Ман ҳаргиз худро бегуноҳ намешуморам. Бе шак, нафс [-и васвасагари инсон ӯро] пайваста ба бадӣ фармон медиҳад, магар он ки Парвардигорам раҳм кунад. Бе тардид, Парвардигорам омурзандаи меҳрубон аст»
12:54 Ва подшоҳ гуфт: «Ӯ [ Юсуф]-ро наздам биёваред [то мушовири] хоси худ гардонам». Пас, чун [Юсуф наздаш омад ва] бо вай суҳбат кард, [подшоҳ] гуфт: «Ту имрӯз назди мо арҷманд [ва] амин ҳастӣ»
12:55 Юсуф] гуфт: «Маро бар [сарпарастии] хазонаҳои [молӣ ва ғизоии ин] сарзамин бигумор, [ки] бе тардид, ман нигаҳбоне доно ҳастам»
12:56 Ва ин гуна ба Юсуф дар он сарзамин манзалат [-у қудрат] додем, [он чунон] ки [метавонист ба ҳар ҷо биравад ва] дар ҳар ҷойе аз он ки мехост, иқомат мекард. Мо раҳмати худро ба ҳар ки бихоҳем мерасонем
12:57 Ва подоши охират барои касоне, ки имон овардаанд ва парҳезгорӣ кардаанд, беҳтар аст
12:58 Ва [чун сарзамини Канъонро хушксолӣ фаро гирифт] бародарони Юсуф [барои таҳияи гандум ба Миср] омаданд ва бар ӯ ворид шуданд. Пас, ӯ онҳоро шинохт, дар ҳоле ки онон вайро нашинохтанд
12:59 Пас, чун борҳояшонро омода кард, [ба онон] гуфт: «[Навбати оянда] Бародареро, ки аз падаратон доред, назди ман оваред. Оё намебинед, ки ман паймонаро тамом медиҳам ва беҳтарин мизбонам?
12:60 Пас, агар ӯро наздам наоваред, паймонае назди ман нахоҳед дошт ва наздикам нашавед»
12:61 [Бародарон] Гуфтанд: «Ӯро аз падараш хоҳем хост ва ҳатман, ин корро мекунем»
12:62 Ва [Юсуф] ба ғуломонаш гуфт: «Сармояҳояшонро [ки барои хариди ғалла овардаанд, махфиёна] дар борҳояшон бигузоред, шояд ҳангоме ки ба сӯйи хонаводаи худ бозгаштанд, онро [бубинанд ва] бишносанд. Умед, ки бозоянд»
12:63 Пас, чун ба сӯйи падарашон бозгаштанд, гуфтанд: «Падарҷон, паймона [ва саҳми ғаллаи навбати оянда]-ро аз мо боздоштанд, пас, бародарамон [Бинёмин]-ро бо мо бифирист, то саҳме [аз ғалла] бигирем ва мо ҳатман, муроқибаш хоҳем буд»