>

Маркази тарҷумаи Равод — 241

12:44 Онон гуфтанд: «[Инҳо] Хобҳое парешон аст ва мо ба таъбири ин [гуна] хобҳо доно нестем»

12:45 Ва яке аз он ду [зиндонӣ], ки наҷот ёфта буд, пас аз муддатҳо [Юсуф]-ро ба ёд овард [ва] гуфт: «Маро ба [зиндон] бифиристед, то дар бораи таъбири он [хоб] ба шумо хабар диҳам»

12:46 [Ӯ ба зиндон рафт ва гуфт] «Юсуф, эй марди ростгӯ, дар бораи ин хоб изҳори назар кун, ки ҳафт гови фарбеҳро ҳафт гови лоғар мехӯрданд ва ҳафт хӯшаи сабз ва [ҳафт хӯшаи] хушкидаи дигар бароямон таъбир кун, то назди мардум баргардам, шояд онҳо [таъбири ин хоб ва тавоноиҳои туро] бидонанд

12:47 [Юсуф] гуфт: «Ҳафт соли паёпай [бо ҷиддият] кишоварзӣ кунед ва он чиро, ки дарав мекунед, ҷуз андаке, ки мехӯред, бо хӯшааш [канор] бигзоред

12:48 Сипас баъд аз он [даврони равнақ] ҳафт [соли қаҳтии] сахт меояд, ки он чиро барои он солҳо [канор] гузоштаед, мехӯред, ба ҷуз андаке, ки онро [барои тухмӣ] захира мекунед

12:49 Сипас баъд аз он ҳафт [сол] соле фаро мерасад, ки борони фаровоне насиби мардум мешавад ва дар он сол, [бар асари фаровонӣ, аз меваҳо] ассора (афшурданиҳо) мегиранд»

12:50 Подшоҳ [чун ин таъбирро шунид] гуфт: «Ӯро назди ман биёваред». Пас, чун фиристода [-и подшоҳ] назди ӯ омад, [Юсуф] гуфт: «Назди сарварат бозгард ва аз ӯ бипурс, ки моҷарои заноне, ки дастҳои худро буриданд, чи буд? Ҳатман, Парвардигорам ба найранги онон огоҳ аст»

12:51 [Подшоҳ он занонро хост ва] Гуфт: «Ҳангоме ки Юсуфро ба сӯйи хеш даъват кардед, ҷараёни коратон чи буд»? Гуфтанд: «Паноҳ бар Аллоҳ таоло! Мо ҳеҷ гуноҳе дар ӯ суроғ надорем». [Дар ин ҳангом] Ҳамсари Азиз гуфт: «Акнун ҳақ ошкор шуд, ман [будам, ки] аз вай комҷӯӣ кардам [ва ӯ покдоманӣ варзид] ва яқинан, ростгӯст

12:52 Ин [эътироф] барои он аст, ки [Юсуф] бидонад, ки ман дар пинҳон ба ӯ хиёнат накардаам [ва дар ғиёбаш ҳақиқатро гуфтаам] ва ин ки Аллоҳ таоло найранги хоинонро ба ҷойе намерасонад