>

Маркази тарҷумаи Равод — 240

12:38 Ва аз оини падаронам Иброҳим ва Исҳоқ ва Яъқуб пайравӣ кардам. Барои мо сазовор нест, ки чизеро шарики Аллоҳ таоло қарор диҳем. Ин [яктопарастӣ] аз фазли Аллоҳ таоло бар мо ва бар [ҳамаи] мардум аст, вале бештари мардум сипос намегузоранд

12:39 Эй дӯстони зиндонии ман, оё маъбудони пароканда [ва мутааддид] беҳтаранд, ё Аллоҳи ягонаи пирӯзманд?

12:40 Шумо ба ҷои ӯ [чизеро] намепарастед, магар номҳое [бемаънӣ], ки худ ва падаронатон бар онҳо ниҳодаед. Аллоҳ таоло ҳеҷ далеле бар [ҳақиқати] онҳо нозил накардааст. Фармонравоӣ, танҳо аз они Аллоҳ таоло аст [ва] фармон додаст, ки ҷуз Ӯро напарастед. Ин ҳамон дини рост ва устувор аст; вале бештари мардум намедонанд

12:41 Эй дӯстони зиндонии ман, яке аз шумо [озод мешавад] ва ба сарвари хеш шароб хоҳад нӯшонд ва аммо дигаре ба дор овехта мешавад ва парандагон аз [мағзи] сараш хоҳанд хӯрд. Амре, ки дар [мавриди] он аз ман назар хостед, [чунин] муқаддар шудааст»

12:42 Ва [Юсуф] ба яке аз он ду [нафар], ки донист раҳо мешавад, гуфт: «Аз ман назди сарварат [подшоҳ] ёд кун». Ва[-ле] шайтон ёд кардан [аз Юсуфро назди] сарвараш аз хотири вай [соқии подшоҳ] бурд ва ӯ [Юсуф] чандин сол [-и дигар низ] дар зиндон боқӣ монд

12:43 Ва [рӯзе] подшоҳ гуфт: «Ман [дар хоб] дидам, ки ҳафт гови фарбеҳро ҳафт гови лоғар мехӯрданд ва ҳафт хӯшаи сабз ва [ҳафт хӯшаи] дигарро хушк [дидам]. Эй бузургон, агар таъбири хоб мекунед, дар [бораи] хобам назар диҳед»