>

Маркази тарҷумаи Равод — 24

2:154 Ва ба онҳо, ки дар роҳи Аллоҳ таоло кушта мешаванд, мурда нагӯед, балки онон [назди Парвардигорашон] зиндаанд, вале шумо намефаҳмед

2:155 Ва ҳатман шуморо бо чизе аз [қабили] тарсу гуруснагӣ [қаҳтӣ] ва зиёни молӣ [нобудӣ ё душвории касби он] ва ҷонӣ [маргу мир ё шаҳодат] ва зиёни маҳсулот [-и кишоварзӣ] меозмоем ва [эй паёмбар] сабркунандагонро [ба он чи дар дунё ва охират барояшон фароҳам меояд] башорат бидеҳ

2:156 Онон, ки ҳар гоҳ мусибате ба эшон мерасад, [аз рӯйи ризоият ва таслим] мегӯянд: "Ба ростӣ, ки мо аз они Аллоҳ таоло ҳастем ва ба сӯйи Ӯ бозмегардем"

2:157 Инҳо ҳастанд, ки дурудҳо ва раҳмате аз Парвардигорашон бар эшон аст ва маҳз инҳо ҳидоятёфтагонанд

2:158 "Сафо" ва "Марва" аз нишонаҳои [зоҳири шариати] Аллоҳ таоло аст. Пас, ҳар ки ҳаҷҷи хона [-и Каъба] ё умра ба ҷой меоварад, бар ӯ гуноҳе нест, ки тавофи [саъй] байни он дуро [низ] анҷом диҳад [ва ин кор аз рафторҳои ҷоҳилият шуморида намешавад] ва касе, ки ба майли худ кори неке анҷом диҳад, пас, [бидонад, ки] бе тардид Аллоҳ таоло сипосгузори доност

2:159 Касоне, ки он чиро аз далоили равшан ва ҳидоят нозил кардаем – пас аз он, ки дар китоби [Таврот ва Инҷил] барои мардум баёнаш намудем – пинҳон медоранд, Аллоҳ таоло ононро лаънат мекунад ва лаънаткунандагон [аз фариштагону муъминон] лаънаташон мекунанд

2:160 Магар касоне, ки тавба кунанд ва [корҳои ношоистаи худро] ислоҳ намоянд ва [ҳақиқатро] ошкор созанд. Инон ҳастанд, ки тавбаашонро мепазирам ва Ман тавбапазиру меҳрубонам

2:161 Касоне, ки куфр варзиданд [ва ба инкори ҳақ кӯшиданд] ва дар ҳоли куфр мурданд, лаънати Аллоҳ таоло ва фариштагон ва ҳамаи мардум бар онҳо хоҳад буд

2:162 Дар он [лаънат ва азоби онон] ҷовидона боқӣ мемонанд ва на аз азобашон коста мешавад ва на муҳлат [-и узрхоҳӣ] меёбанд

2:163 [Эй мардум] маъбуди шумо маъбуди ягона аст [ки] ба ҷуз Ӯ [ҳеҷ] маъбуде [ба ҳақ] нест; бахшандаву меҳрубон аст