>

Маркази тарҷумаи Равод — 239

12:31 Пас, чун [ҳамсари Азиз] найранг [-у бадгӯӣ]-и ононро шунид, [шахсеро барои даъват] ба суроғашон фиристод ва маҷлисе барояшон тартиб дод ва ба ҳар кадом [барои буридани ғизо] корде дод ва ба Юсуф гуфт: «Бар [ҷамъи] онон ворид шав». Пас, [занон] чун ӯро диданд, бисёр бузург [-у зебо] шумурданд ва [чунон маҳви ҷамолаш шуданд] дастҳояшонро захмӣ карданд ва гуфтанд: «Паноҳ бар Аллоҳ таоло! Ин башар нест, ин ҷуз фариштае бузургвор нест»

12:32 [Ҳамсари Азиз] Гуфт: «Ин [ҷавони зеборӯ] ҳамон аст, ки маро дар барои ӯ сарзаниш мекардед. [Оре] Дар ҳақиқат, ман аз ӯ комҷӯӣ намудам ва ӯ хештандорӣ кард ва [инак] агар он чиро ба ӯ дастур медиҳам, анҷом надиҳад, ҳатман, зиндонӣ мешавад ва мусалламан, аз хоршудагон хоҳад буд»

12:33 [Юсуф] Гуфт: «Парвардигоро, зиндон барои ман аз он чи [инҳо] маро ба сӯяш мехонанд, маҳбубтар аст ва агар найрангашонро аз ман нагардонӣ, ба онон гароиш меёбам ва [агар чунин кунам] нодон хоҳам буд»

12:34 Пас, Парвардигораш [дуои] ӯро иҷобат кард ва найрангашонро аз ӯ бозгардонид. Бе тардид, Ӯ шунавову доност

12:35 Он гоҳ пас аз он ки [Азизи Миср ва атрофиёнаш] нишонаҳо[-и покдомании Юсуф]-ро диданд, тасмим гирифтанд [барои сарпӯш гузоштан бар ин беобрӯӣ] ӯро то муддате зиндонӣ кунанд

12:36 Ва ду ҷавон ҳамроҳи ӯ вориди зиндон шуданд. [Рӯзе] Яке аз он ду гуфт: «Ман [дар хоб] худро дидам, ки [ангур барои] шароб мефишорам» ва дигарӣ гуфт: «Ман хоб дидаам, ки бар сари хеш [зарфи] ноне мебарам [ва] парандагон аз он мехӯранд. Моро аз таъбираш огоҳ кун, [ки] ҳатман, туро аз накукорон мебинем»

12:37 [Юсуф] Гуфт: «Ҳеҷ ғизое барои хӯрдан наздатон намеоваранд, магар он ки пеш аз оварданаш, шуморо аз [кайфияту] ҳақиқаташ огоҳ созам. Ин [ахбори ғайбӣ] аз онҳост, ки Парвардигорам ба ман омӯхтааст. Дар ҳақиқат, ман оини қавмеро, ки ба Аллоҳ таоло имон намеоваранд ва ба [сарои] охират [низ] куфр меварзанд, тарк кардам