>

Маркази тарҷумаи Равод — 238

12:23 Ва он зане, ки ӯ [Юсуф] дар хонааш буд, аз вай комҷӯӣ кард ва дарҳоро басту гуфт: «Биё [ки дар ихтиёри ту ҳастам]». [Юсуф] Гуфт: «Паноҳ бар Аллоҳ таоло! Он мард [шавҳари ту ва] сарвари ман аст [ва] ҷойгоҳамро гиромӣ доштааст [пас, чи гуна ба ӯ хиёнат кунам?] яқинан, ситамгорон растагор намешаванд»

12:24 Ва дар ҳақиқат, [он зан] қасди ӯ кард ва ӯ низ агар бурҳони Парвардигорашро надида буд, қасди он зан мекард. Мо инчунин [кардем], то бадӣ ва зишткориро аз ӯ дур созем. Ба ростӣ, ки ӯ аз бандагони мухлиси Мо буд

12:25 Ва ҳар ду ба тарафи дар шитофтанд ва [ҳамсари азизи Миср] пероҳани ӯро аз пушт пора кард ва [дар ин ҳангом] шавҳарашро дар остонаи дар ёфтанд.[Он] Зан гуфт: «Кайфари касе, ки қасди бад ба хонаводаи ту дошта бошад, чист, ҷуз ин ки зиндон шавад ё азобе дарднок [бубинад]»?

12:26 [Юсуф] Гуфт: «Ӯ аз ман комҷӯӣ кард» ва [дар он ҳангом] шоҳиде аз бастагони он зан шаҳодат дод: «Агар пероҳанаш аз ҷилав пора шуда бошад, ин зан рост мегӯяд ва он мард [Юсуф] дурӯғгӯст

12:27 Ва[-ле] агар пероҳанаш аз пушт пора шуда бошад, ин зан дурӯғ мегӯяд ва он мард ростгӯст»

12:28 Пас, чун [Азизи Миср] дид, ки пероҳани ӯ аз пушт пора шудааст, [ба ҳақиқат пай бурд ва] гуфт: «Ин аз найранги шумо [занон] аст, ба ростӣ, ки найранги шумо бузург аст

12:29 Эй Юсуф, аз ин [моҷаро] даргузар ва [ту эй зан] барои гуноҳат омурзиш бихоҳ, ки бе тардид хатокор будаӣ»

12:30 [Ҳангоме ки ин хабар мунташир шуд] Бархе аз занон дар шаҳр гуфтанд: «Ҳамсари Азиз [-и Миср] аз ғуломи [ҷавони] хеш комҷӯӣ мекунад [ва] сахт шефтааш гаштааст. Мо ӯро воқеан дар гумроҳии ошкоре мебинем»