>

Маркази тарҷумаи Равод — 237

12:15 Пас, чун вайро [ҳамроҳи худ] бурданд ва ҳамдаст шуданд, ки ӯро дар қаъри чоҳ биандозанд, ба ӯ ваҳй кардем, ки: «[Саранҷом] Ҳатман, ононро, дар ҳоле ки [дар бораат] ҳеҷ намедонанд, аз [чанду чуни] ин корашон огоҳ хоҳӣ сохт»

12:16 Ва шабонгоҳ гирякунон назди падарашон омаданд

12:17 Гуфтанд: «Падарҷон, мо [дуртар] рафтем, ки мусобиқа диҳем ва Юсуфро назди асоси худ гузоштем, ки гург ӯро хӯрд ва ҳарчанд ростгӯ бошем, ту [ҳаргиз сухани] моро бовар нахоҳӣ кард»

12:18 Ва пероҳани ӯро бо хуни дурӯғине [барои Яъқуб] оварданд. [Ӯ] Гуфт: «[Чунин нест] Балки [ҳавои] нафси шумо коре [ношоиста]-ро бароятон оростааст, пас, сабре наку [бароям беҳтар аст] ва Аллоҳ таоло дар [мавриди] он чи мегӯед, ёригар [-и ман] аст»

12:19 Ва корвоне омад ва онон обовари худро фиристоданд,пас,ӯ далвашро [дар чоҳ] андохт [ва чун Юсуфро боло кашид] гуфт: «Мужда диҳед! Ин як навҷавон аст» ва [пас аз наҷоташ] ӯро ҳамчун як коло[-и арзишманд аз дигарон] пинҳон доштанд, ва[-ле] Аллоҳ таоло ба он чи мекарданд, огоҳ буд

12:20 Ва [саранҷом] ӯро ба баҳое андак, чанд дирҳам, фурӯхтанд ва дар [бораи нигаҳ доштани] ӯ бемайл буданд

12:21 Ва он шахс аз [мардуми] Миср [Азиз], ки ӯро харида буд, ба ҳамсараш гуфт: «Мақомашро гиромӣ бидор. Умед аст, ки бароямон судманд бошад ё ӯро ба фарзандӣ бигирем». Ва инчунин буд, ки Юсуфро дар [он] сарзамин арҷманд [-у муқтадир] гардонидем, то ба ӯ таъбири хоб биёмӯзем; ва Аллоҳ таоло бар кори хеш [тавоно ва] чира аст, вале бештари мардум намедонанд

12:22 Ва чун [Юсуф ба авҷи] неруи ҷавонӣ расид, ба ӯ ҳикмату дониш ато кардем ва накукоронро инчунин подош медиҳем