Маркази тарҷумаи Равод — 236
12:5 [Яъқуб] Гуфт: «Писарам, хобатро барои бародаронат бозгӯ макун, ки бароят найранге меандешанд,[чаро ки] бе тардид, шайтон душмани ошкоре барои инсон аст
12:6 Парвардигорат туро ин гуна бармегузинад ва ба ту [илми] таъбири хобҳоро меомӯзад ва неъматашро бар ту ва бар хонадони Яъқуб тамом мегардонад, чунон ки пеш аз ин [низ] бар аҷдодат – Иброҳим ва Исҳоқ тамом кард. Бе тардид, Парвардигорат донову ҳаким аст»
12:7 Ба ростӣ, ки дар [достони] Юсуф ва бародаронаш, барои пурсишгарон [дар бораи Юсуф ибратҳо ва] нишонаҳост
12:8 Он гоҳ ки [ба якдигар] гуфтанд: «Юсуф ва бародараш [Бинёмин] назди падарамон аз мо маҳбубтаранд, дар ҳоле ки мо як гурӯҳ [-и неруманд] ҳастем. Ҳаққо, ки падарамон [бо ин меҳрварзии бедалел] дар гумроҳии ошкоре аст
12:9 [Яке аз бародарон гуфт] Юсуфро бикушед ё ӯро ба сарзамин [-и дурдаст]-е биафканед, то таваҷҷуҳи падаратон фақат ба [сӯйи] шумо бошад ва пас аз он [тавба кунед ва] афроде шоиста бошед»
12:10 Яке [дигар] аз онон гуфт: «Юсуфро накушед ва агар [мехоҳед] коре анҷом диҳед, ӯро дар қаъри чоҳ биандозед, то бархе аз мусофирон [-и корвон] ӯро баргиранд [ва бо худ ба ҷойе дур баранд]»
12:11 [Сипас назди Яъқуб рафтанд] Ва гуфтанд: «Падарҷон, чаро моро бар Юсуф амин намешуморӣ, ҳол он ки мо хайрхоҳаш ҳастем?
12:12 Фардо ӯро бо мо [ба дашт] бифрист, то [дар чаманҳо] бигардад ва бозӣ кунад ва мо ба хубӣ муроқибаш ҳастем»
12:13 [Яъқуб] Гуфт: «Ин ки ӯро бибаред, маро андуҳгин мекунад ва аз ин метарсам, ки гург ӯро бихӯрад ва шумо аз ӯ ғофил бошед»
12:14 Онон гуфтанд: «Бо вуҷуди ин ки мо як гурӯҳ [-и неруманд] ҳастем, агар [иҷозат диҳем, ки] гург ӯро бихӯрад, ҳатман, зиёнкор хоҳем буд»