Маркази тарҷумаи Равод — 235
11:118 Ва агар Парвардигорат мехост, [ҳамаи] мардумро як уммати [муваҳҳид ва дурусткор] қарор медод, вале [онон] ҳамвора мухталифанд
11:119 Магар касоне, ки Парвардигорат ба онон раҳм кард ва барои ҳамин ононро офаридааст ва ваъдаи Парвардигорат [чунин] таҳаққуқ пазируфтааст [ки]: «Ҳатман, дузахро аз ҷинну инсон [-и гунаҳгор] анбошта хоҳам сохт»
11:120 Ва [эй Муҳаммад] аз ахбори паёмбарон ин ҳамаро бар ту ҳикоят мекунем, то дилатро бо онҳо субот [-у оромиш] бахшем ва дар ин [саргузаштҳо] ҳақиқат бароят омадааст ва [ин достонҳо] пандест [барои кофирон] ва тазаккурест барои муъминон
11:121 Ва ба касоне, ки имон намеоваранд, бигӯ: «Шумо ба равиши худ амал кунед, мо [низ ба шеваи худ] амал мекунем
11:122 Ва мунтазир бошед, [ки] бе тардид, мо [низ] мунтазирем»
11:123 Ва [огоҳӣ аз] ғайби осмонҳо ва замин, аз они Аллоҳ таоло аст ва ҳамаи корҳо ба сӯйи ӯ бозгардонда мешавад. Пас, Ӯро бипараст ва бар Ӯ таваккал кун ва Парвардигорат аз он чи мекунед,[ҳаргиз] ғофил нест
12:1 Алиф, лом, ро.[1] Ин оёти китоби равшангар аст
12:2 Мо онро Қуръоне [ба забони] арабӣ нозил кардем, бошад, ки [дар мафоҳимаш] бияндешед
12:3 [Эй Паёмбар] мо беҳтарин достонро бо ваҳй кардани ин Қуръон бар ту ҳикоят мекунем ва мусалламан, пештар ту [аз ин достонҳо] бехабар будӣ
12:4 [Ёд кун аз] ҳангоме ки Юсуф ба падараш [Яъқуб] гуфт: «Падарҷон, ман [дар хоб] ёздаҳ ситора ва хуршеду моҳ дидам. Онҳоро дидам, ки бароям саҷда мекарданд»