>

Маркази тарҷумаи Равод — 234

11:109 Пас, аз [ботил будани] он чи инон [мушрикон] мепарастанд, дар тардид мабош. Онон ин маъбудонро намепарастанд, магар ба ҳамон шакле, ки падаронашон [низ] пештар мепарастиданд ва Мо саҳмашонро [аз азоб] бекамукост ба онон хоҳем дод

11:110 Ва ба ростӣ, [Мо] ба Мӯсо китоб додем, пас, дар он ихтилоф шуд. Ва агар пештар [дар мавриди муҳлат ба гунаҳгорон ва ҳисобрасӣ дар қиёмат] сухане аз ҷониби Парвардигорат баён нашуда буд, яқинан, [дар ҳамин дунё] миёнашон доварӣ мешуд [ва азоб нозил мегашт] ва ба ростӣ, ки онон [яҳудиён ва мушрикон] дар бораи [ҳаққонияти] ин [Қуръон] сахт дар тардиданд

11:111 Ва Парвардигорат [подоши] аъмоли ҳар кадомашро, ҳатман, бекаму кост хоҳад дод. Бе тардид, Ӯ ба он чи мекунанд, огоҳ аст

11:112 Пас, [эй паёмбар] чунон ки фармон ёфтаӣ, [дар баробари мушрикон] истиқомат кун ва касе, ки ҳамроҳи ту [ба пешгоҳи илоҳӣ] рӯ овардааст [низ бояд дар диндорӣ истиқомат кунад] ва саркашӣ накунед. Бе тардид, ӯ ба он чи мекунед, биност

11:113 Ба касоне, ки ситам карданд [кофирон] гароиш наёбед, ки [агар чунин кунед] оташи дузах ба шумо низ хоҳад расид ва дар баробари Аллоҳ таоло [ҳеҷ] дӯсте надоред ва он гоҳ ёрӣ намешавед

11:114 Ва дар ду тарафи рӯз [оғоз ва поёни рӯз] ва соате аз шаб намоз бигзор. Бе тардид, некиҳо бадиҳоро аз байн мебарад. Ин [сухан] пандест барои пандпазирон

11:115 Ва шикебоӣ кун,[ки] бе тардид, Аллоҳ таоло подоши накукоронро табоҳ намекунад

11:116 Пас, чаро дар миёни умматҳои пеш аз шумо, ҷуз андаке аз онон, ки [аз азоб] наҷоташон додем,[муъминон ва] хирадмандоне набуданд, ки [мардумро] аз фасод дар замин боздоранд? Ва касоне, ки ситам карданд, ба дунболи нозу неъмате, ки ёфта буданд, рафтанд ва гунаҳгор буданд

11:117 Ва [суннати] Парвардигорат чунин набудааст, ки шаҳрҳоро, дар ҳоле ки сокинонаш [афроде] накукор буданд, ба ситам нобуд кунад