Маркази тарҷумаи Равод — 233
11:98 [Фиръавн] Рӯзи қиёмат пешопеши қавмаш меравад ва ононро ба оташ [-и дузах] ворид мекунад ва чи бад ҷойгоҳест, ки ба он ворид мешаванд!
11:99 Ва дар ин [дунё] ва рӯзи қиёмат, нафрин ба дунбол доранд ва чи бад армуғоне ба онон мебахшанд!
11:100 [Эй Паёмбар] Ин [бархе] аз хабарҳои он [сарзаминҳо ва] шаҳрҳост, ки онҳоро бароят бозгӯ мекунем, бархе аз онҳо [ҳанӯз] побарҷост ва [бархе дигар] вайрон [гаштааст]
11:101 Ва Мо ба эшон ситам накардем, балки онон [худ] ба хештан ситам карданд, пас, ҳангоме ки фармони Парвардигорат [барои азобашон] фаро расид, маъбудонашон, ки ба ҷойи Аллоҳ таоло мехонданд, суде барояшон надоштанд [ва ёриашон надоданд] ва бар онон ҷуз ҳалокат [-у табоҳӣ] наафзуданд
11:102 Ва чунин аст бозхости Парвардигорат, ки аҳолии шаҳрҳоеро, ки ситамгор [-у мушрик] буданд, фаро мегирифт. Бе гумон, бозхости ӯ дарднок ва сахт аст
11:103 Яқинан, дар ин [достонҳо, панд ва] нишонаест барои касе, ки аз азоби охират метарсад. Он [рӯз] рӯзест, ки мардумро барои [ҳисобрасӣ дар] он ҷамъ мекунанд ва он [рӯз] рӯзест, ки [тамоми аҳли маҳшар] онро мебинанд
11:104 Ва Мо онро ҷуз то муддате муайян ба таъхир намеандозем
11:105 Рӯзе биёяд, ки ҳеҷ кас ҷуз ба иҷозати Ӯ [Аллоҳ таоло] сухан намегӯяд, пас, бархе аз онон бадбахтанд ва [бархе дигар] некбахт
11:106 Аммо касоне, ки бадбахт шуданд, [дузахианд ва] дар оташ барояшон [бо ҳар даму боздам] фарёду нолае аст
11:107 То осмонҳо ва замин [боқӣ] аст, дар он [азоб] ҷовидонанд, магар он ки Парвардигорат бихоҳад [ки муваҳҳидони гунаҳгорро аз дузах хориҷ созад]. Бе тардид, Парвардигорат он чиро, ки бихоҳад, анҷом медиҳад
11:108 Ва аммо касоне, ки некбахт [ва саодатманд] шуданд, то осмонҳо ва замин [боқӣ] аст, ҷовидона дар биҳиштанд, магар он ки Парвардигорат бихоҳад [ки муваҳҳидони гунаҳгорро пеш аз вуруд ба биҳишт дар дузах муҷозот кунад. Ин неъмат] бахшише бепоён аст