>

Маркази тарҷумаи Равод — 232

11:89 Ва эй қавми ман, душманӣ [ва мухолифат] бо ман сабаб нашавад, ки ҳаммонанди он чи ки ба қавми Нуҳ ё қавми Ҳуд ё қавми Солеҳ расид, ба шумо [низ] бирасад ва [ба хусус азоби] қавми Лут [ки аз лиҳози замону макон] чандон аз шумо дур нест

11:90 Ва аз Парвардигоратон омурзиш бихоҳед, сипас ба сӯйи Ӯ бозгардед [ва тавба кунед, ки] бе тардид, Парвардигорам меҳрубон [ва] дӯстдор [-и тавбакунандагон] аст

11:91 Онон гуфтанд: «Эй Шуайб, бисёре аз он чиро, ки мегӯӣ, намефаҳмем ва яқинан туро дар миёни худ нотавон мебинем ва агар [эҳтироми] қабилаат намебуд, мусалламан, сангсорат мекардем ва ту назди мо тавонманд [гаронқадр] нестӣ»

11:92 [Шуайб] Гуфт: «Эй қавми ман, оё қабилаам назди шумо гиромитар аз Аллоҳ таоло аст, ки [фармони] Ӯро [фаромӯш кардед ва] пушти сари хеш андохтаед. Бе тардид, Парвардигорам ба он чи анҷом медиҳед, иҳота дорад

11:93 Ва эй қавми ман, шумо ба равиши худ амал кунед, ман низ [ба равиши худ] амал мекунам. Ба зудӣ хоҳед донист, ки азоби расвокунанда бар чи касе фуруд меояд ва дурӯғгӯ кист. Шумо мунтазир бошед ва ман [низ] бо шумо дар интизорам»

11:94 Ва чун фармони Мо фаро расид, Шуайб ва касонеро, ки ҳамроҳаш имон оварда буданд, ба раҳмате аз [ҷониби] хеш наҷот додем ва касонеро, ки ситам карданд, бонге [маргбор] фаро гирифт, пас, дар ҷойи худ ба рӯ афтоданд ва ҳалок шуданд;

11:95 Чунон [мурданд] ки гӯӣ ҳаргиз дар он [диёр] набуданд. Ҳон! [Қавми] Мадян [аз раҳмати илоҳӣ] дур бод! Чунончи [қавми] Самуд дур шуданд

11:96 Ва ба ростӣ, Мӯсоро бо оёти худ ва далеле ошкор фиристодем

11:97 Ба сӯйи Фиръавн ва бузургон [-у ашрофи қавм]-и ӯ, пас, онон аз фармони Фиръавн пайравӣ карданд ва фармони Фиръавн дуруст [ва бихрадона] набуд