Маркази тарҷумаи Равод — 231
11:82 Пас, чун фармони Мо фаро расид, он [сарзамин]-ро зерурӯ кардем ва бар онон санггилҳое паёпай боридем
11:83 [Сангҳое, ки] Назди Парвардигорат нишондор буд ва ин [азоби дарднок] аз ситамгорони [дигар, аз ҷумла Қурайш] дур нест
11:84 Ва ба сӯйи [қавми] Мадян бародарашон Шуайбро [фиристодем]. Ӯ гуфт: «Эй қавми ман, Аллоҳро бипарастед, ки ба ҷуз ӯ маъбуде [бар ҳақ] надоред ва паймона ва мизонро кам накунед. Ба ростӣ, шуморо дар неъмат мебинем, ва[ле] аз азоби рӯзи фарогир бар шумо метарсам
11:85 Ва эй қавми ман, паймона ва мизонро бо адолат тамом [-у комил] бидиҳед ва колоҳои мардумро кам надиҳед ва дар замин ба фасод [-у гуноҳ]накӯшед
11:86 Агар имон дошта бошед, он чи Аллоҳ таоло [пас аз таҳвили комили паймона аз касби ҳалол] бароятон боқӣ мегузорад, беҳтар аст ва ман бар шумо нигаҳбон нестам»
11:87 Онон гуфтанд: «Эй Шуайб, оё намозат туро бар он медорад, ки [ба мо амр кунӣ, то] даст аз он чи падаронамон мепарстиданд, бардорем ё дар амволамон ҳар коре, ки мехоҳем, накунем? Ту, ки бурдбор [ва] хирадмандӣ [пас, чаро чунин мегӯӣ]?»
11:88 [Шуайб] Гуфт: «Эй қавми ман, ба ман бигӯед, [ки] агар аз сӯйи Парвардигорам далел [-у муъҷизаи] ошкоре дошта бошам ва аз ҷониби хеш рӯзии накуе ба ман ато карда бошад [он гоҳ чи мекунед]? Ва ман намехоҳам дар он чи шуморо аз он бозмедорам, бо шумо мухолифат кунам [вале худ анҷомаш диҳам]. То он ҷо дар тавон дорам, ҷуз ислоҳ намехоҳам ва тавфиқи ман танҳо ба [лутфу хости] Худост, бар Ӯ таваккал кардам ва ба сӯйи Ӯ бозмегардам