Маркази тарҷумаи Равод — 23
2:146 Касоне, ки ба онон китоби [осмонӣ] додаем, [Муҳаммад]-ро чунон мешиносанд, ки фарзандони худро мешиносанд [ва медонанд, ки суханаш барҳақ аст], вале гурӯҳе аз онон, дар ҳоле ки худ низ медонанд, ҳақро китмон мекунанд
2:147 [Эй паёмбар он чи бар ту нозил мегардад, ҳукми] Ҳақ аз ҷониби Парвардигори туст, пас, ҳаргиз аз тардидкунандагон мабош
2:148 Ҳар яке [аз умматҳо] ҷиҳате доранд, ки [ҳангоми намоз] бад-он рӯ мекунанд, пас, [шумо эй муъминон] дар некиҳо [бар якдигар] сабқат бигиред. Ҳар ҷо ки бошед, Аллоҳ таоло [дар рӯзи қиёмат] ҳамаи шуморо ҳозир мекунад. Ҳамоно Аллоҳ таоло бар ҳар чизе тавоност
2:149 [Эй паёмбар] Аз ҳар ҷо ки [ба қасди сафар] хориҷ шудӣ, пас, [ба ҳангоми намоз] рӯйи худро ба сӯйи Масҷид-ул-ҳаром кун ва ба дурустӣ, ки ин [рӯ карданат] ҳаққе аз ҷониби Парвардигорат аст ва Аллоҳ таоло аз он чи мекунед, ғофил нест
2:150 Ва аз ҳар ҷо, ки берун шудӣ, пас, [дар ҳангоми намоз] рӯйи худро ба сӯйи Масҷид-ул-ҳаром кун ва [шумо, эй муъминон] ҳар ҷо ки бошед, рӯйи худро ба сӯйи он [масҷид] кунед, то мардум алайҳи шумо ҳуҷҷате надошта бошанд [то бо истинод ба онҳо баҳонатарошӣ кунанд], магар касоне аз эшон, ки ситам карданд [ва ҳамвора душманатон хоҳанд буд]. Пас, аз онҳо натарсед ва аз ман битарсед [ин тағйири қибла барои он буд], ки неъматамро бар шумо тамом кунам [ва шуморо мутамоиз созам], бошад, ки ҳидоят шавед
2:151 Ҳамчунон ки [неъмати дигаре низ ба шумо арзонӣ доштем ва] паёмбаре аз худатон ба миёнатон фиристодем, ки оёти моро бар шумо мехонад ва шуморо [бо амри маъруф ва наҳйи мункар аз палидиҳо] пок мегардонад ва ба шумо китоби [Қуръон] ва ҳикмате меомӯзад ва он чиро [ки аз умури дину дунёятон] намедонистед, ба шумо омӯзиш медиҳад
2:152 Пас, Маро ёд кунед, то шуморо ёд кунам ва Маро сипос гӯед ва ба Ман носипосӣ накунед
2:153 Эй касоне, ки имон овардаед, аз шикебоиву намоз ёрӣ биҷӯед [ки] бе тардид Аллоҳ таоло бо сабркунандагон аст