Маркази тарҷумаи Равод — 229
11:63 [Солеҳ] Гуфт: «Эй қавми ман, ба ман бигӯед,[ки] агар аз сӯйи Парвардигорам далел [-у муъҷизаи] ошкоре дошта бошам ва Ӯ аз ҷониби хеш ба ман раҳмате [нубувват] бахшида бошад, пас, агар аз Ӯ нофармонӣ кунам, чи касе маро дар баробари Аллоҳ таоло ёрӣ мекунад? Пас, шумо ҷуз зиёнкорӣ [чизе] бар ман намеафзоед
11:64 Эй қавми ман, ин модашутури Аллоҳ таоло аст, ки барои шумо нишонаест [бар дурустии даъватам], пас, бигзоред, то дар замини Аллоҳ таоло бичарад ва озоре ба ӯ нарасонед, ки [дар ғайри ин сурат] азобе зудрас шуморо фаро мегирад»
11:65 Пас, он [модашутур]-ро пай (захми) карданд, он гоҳ [Солеҳ ба онон] гуфт: «Се рӯз дар хонаҳоятон [аз неъматҳои дунё] баҳраманд гардед [ва пас аз он азоб хоҳад омад]. Ин ваъдаест, ки дурӯғ нахоҳад буд»
11:66 Пас, чун фармони [азоб]-и мо фаро расид, Солеҳ ва касонеро, ки ҳамроҳаш имон оварда буданд, ба раҳмате аз [ҷониби] хеш аз [азобу] расвоии он рӯз наҷот додем. Бе гумон, Парвардигорат ҳамон тавонманди шикастнопазир аст
11:67 Ва касонеро, ки ситам карда буданд, бонг [-и маргбор]-е фаро гирифт, пас, дар ҷойи хеш ба рӯ афтоданд ва ҳалок шуданд
11:68 Чунончи гӯӣ дар он [диёр] набудаанд. Огоҳ бошед! [Қавми] Самуд ба Парвардигорашон куфр варзиданд. Ҳон! Самуд [аз раҳмати илоҳӣ] дур бод!
11:69 Ба ростӣ, фиристодагони Мо бо башорати [таваллуди фарзанд] назди Иброҳим омаданд,[ва] гуфтанд: «Салом [бар ту]». [Ӯ низ дар посух] Гуфт: «Салом [бар шумо]» ва дере напоид, ки [Иброҳим барояшон] гӯсолае бирён овард
11:70 Пас, чун дид ба сӯйи он [ғизо] даст намебаранд [ва чизе намехӯранд], бо онон эҳсоси бегонагӣ кард ва [аз бими он ки қасди қатлашро дошта бошанд] аз онон тарсе ба дил гирифт. [Фариштагон] Гуфтанд: «Натарс, мо ба сӯйи қавми Лут фиристода шудаем»
11:71 Ва ҳамсараш [Сора, ки пушти парда] истода буд, [аз шунидани хабари таваллуди фарзанд] хандид, он гоҳ ӯро ба Исҳоқ ва пас аз ӯ ба Яъқуб башорат додем