>

Маркази тарҷумаи Равод — 227

11:46 [Аллоҳ таоло] Фармуд: «Эй Нуҳ, дар ҳақиқат, ӯ аз хонадони ту нест. [Кирдори] Ӯ кирдори ношоиста аст. Пас, чизеро, ки ба он дониш надорӣ, аз Ман махоҳ. Ман туро панд медиҳам, ки мабодо аз ҷоҳилон бошӣ»

11:47 [Нуҳ] Гуфт: «Парвардигоро, ман ба Ту паноҳ мебарам, ки аз Ту чизе бихоҳам, ки ба он донише надорам ва агар маро набахшӣ ва бар ман раҳм накунӣ, аз зиёнкоронам»

11:48 Гуфта шуд: «Эй Нуҳ, бо [амнияту] саломат аз ҷониби Мо ва [низ ҳамроҳ бо] баракатҳои [фаровон] бар ту ва бар гурӯҳҳое, ки ҳамроҳат ҳастанд, [бар замин] фуруд о ва гурӯҳҳое [низ] ҳастанд, ки ба зудӣ ононро [аз неъматҳо] баҳраманд месозем, сипас азоби дардноке аз сӯйи Мо ба онон хоҳад расид»

11:49 [Эй паёмбар] Инҳо аз хабарҳои ғайб аст, ки онро ба ту ваҳй мекунем. На ту онҳоро пеш аз ин медонистӣ ва на қавмат, пас,[бар озорашон] шикебоӣ кун. Яқинан, оқибати [наку] аз они парҳезгорон аст

11:50 Ва ба сӯйи қавми Од бародарашон Ҳудро [фиристодем, ки] гуфт: «Эй қавми ман, Аллоҳро бипарастед, ки маъбуд [-и барҳақ]-е ҷуз Ӯ надоред [ва] шумо [дар ширк ба Аллоҳ таоло] дурӯғбофоне беш нестед

11:51 «Эй қавми ман, барои [расонидани] ин [даъват] аз шумо подоше наметалабам. Подоши ман танҳо бар [уҳдаи] касест, ки маро офарид. Оё намеандешед?

11:52 Ва эй қавми ман, аз Парвардигоратон талаби омурзиш кунед, сипас ба сӯйи Ӯ бозгардед [ва тавба кунед], то [борони] осмонро паёпай бар шумо бифиристад ва неруе бар неруятон биафзояд ва гунаҳкорона [аз ҳақ] рӯй нагардонед»

11:53 Онон гуфтанд: «Эй Ҳуд, бароямон далели равшане наовардаӣ ва мо ба [хотири] гуфтори ту маъбудонамонро раҳо намекунем ва ба ту имон намеоварем