>

Маркази тарҷумаи Равод — 226

11:38 Ва [Нуҳ] киштиро месохт ва гоҳе бузургоне аз қавмаш бар ӯ мегузаштанд, масхарааш мекарданд. [Ӯ] Мегуфт: «Агар моро масхара мекунед, мо низ [ба ҳангомаш] ба ҳамон сурате, ки моро масхара мекунед, шуморо масхара хоҳем кард

11:39 Ба зудӣ хоҳед донист, ки азоби [илоҳӣ] суроғи чи касе меояд, ки хораш созад ва азобе пойдор бар ӯ фуруд ояд»

11:40 [Ин ҳолат ҳамчунон идома дошт] то замоне, ки фармон [-и азоб] фаро расид ва [об аз] танӯр ҷӯшидан гирифт. [Ба Нуҳ] гуфтем: «Аз [аз ҳайвонот] як ҷуфт [нар ва мода] дар он [киштӣ] савор кун ва [ҳамчунин] хонадонатро, ба ҷуз касе, ки ваъда [-и ҳалок] қаблан бар ӯ муқаррар шудааст ва [низ] касонеро, ки имон овардаанд [низ савор кун]».Ва ҷуз иддаи андаке ҳамроҳи ӯ имон наоварда буданд

11:41 [Нуҳ] Гуфт: «Дар он [киштӣ] савор шавед. Ҳаракат ва таваққуфаш ба ном [-у хости] Аллоҳ таоло аст. Бе тардид, Парвардигорам омурзандаву меҳрубон аст»

11:42 Ва он [киштӣ] ононро дар миёни амвоҷи кӯҳпайкаре [пеш] мебурд ва Нуҳ писарашро, ки дар каноре [истода] буд, садо зад: «Писарам, бо мо савор шав ва ҳамроҳи кофирон мабош»

11:43 [Писари Нуҳ] Гуфт: «Ба кӯҳе паноҳ хоҳам бурд, ки аз об ҳифзам кунад». [Нуҳ] Гуфт: «Имрӯз ҳеҷ нигаҳдорандае дар баробари фармони Аллоҳ таоло нест, магар касе, ки [Аллоҳ таоло] ба ӯ раҳм кунад».Ва[-ле ногоҳ] мавҷ дар миёни он ду фосила андохт, пас, [вай низ] аз ғарқшудагон гардид

11:44 Ва гуфта шуд: «Эй замин, обатро фурӯ бар ва эй осмон [аз боридан] боз ист ва об фурӯ нишаст ва кор ба анҷом расид ва [киштӣ] бар [кӯҳи] Ҷудӣ қарор гирифт ва гуфта шуд: «Дурӣ [аз раҳмати илоҳӣ] бар гурӯҳи ситамгорон бод»!

11:45 Ва Нуҳ Парвардигорашро нидо доду гуфт: «Парвардигоро, писарам аз хонадони ман аст ва бе гумон, ваъдаи Ту [дар бораи наҷоти хонадонам] ҳақ аст ва Ту беҳтарин доварӣ»