Маркази тарҷумаи Равод — 225
11:29 Ва эй қавми ман, барои ин [рисолат ман ҳеҷ сарват] ва моле аз шумо дархост намекунам. Подоши ман ҷуз бар [уҳдаи] Аллоҳ таоло нест ва касонеро, ки имон овардаанд, аз худ намеронам. Бе тардид, [рӯзи қиёмат] онон мулоқоткунандаи Парвардигори хешанд, вале ман шуморо гурӯҳе мебинам, ки нодонӣ мекунед
11:30 Ва эй қавми ман, агар ман ононро тард кунам, кист, ки маро дар баробари [кайфари] Аллоҳ таоло ёрӣ кунад? Пас, оё панд намегиред?
11:31 Ва ба шумо намегӯям, ки ганҷинаҳои Аллоҳ таоло назди ман аст ва ғайб намедонам ва намегӯям, ки ман фариштаам ва дар бораи касоне, ки ба чашми шумо ҳақир меоянд, намегӯям, ки Аллоҳ таоло хайре насибашон нахоҳад кард. Аллоҳ таоло ба он чи дар дилҳои эшон аст, огоҳтар аст. [Агар чунин бигӯям] Дар он сурат, ҳатман, аз ситамгорон хоҳам буд»
11:32 [Қавмаш] Гуфтанд: «Эй Нуҳ, ба ростӣ, ки бо мо ҷидол кардӣ ва бисёр [ҳам] ҷидол кардӣ, пас, агар рост мегӯӣ, он чи [аз азоб]-ро, ки ба мо ваъда медиҳӣ, биёвар»
11:33 [Нуҳ] Гуфт: «Танҳо Аллоҳ таоло аст, ки агар бихоҳад, онро бар [сари] шумо меоварад ва шумо оҷизкунанда [-и Ӯ аз азоб кардан] нестед
11:34 Ва агар ман бихоҳам насиҳататон кунам, насиҳат кардани ман суде бароятон надорад, агар Аллоҳ таоло бихоҳад [ки нобуду] гумроҳатон созад. Ӯ Парвардигори шумост ва [ҳамагӣ] ба сӯяш бозгардонда мешавед»
11:35 Оё [мушрикон] мегӯянд: «Ӯ [Муҳаммад] ин суханонро ба дурӯғ ба Аллоҳ таоло нисбат додааст? Бигӯ: «Агар ман инҳоро аз пеши худ сохта бошам ва ба Ӯ нисбат диҳам, гуноҳаш бар [уҳдаи] ман, ва[-ле] ман аз гуноҳони шумо безорам»
11:36 Ва ба Нуҳ ваҳй шуд, ки: «Аз қавми ту ҷуз касоне, ки имон овардаанд, дигар ҳеҷ кас имон намеоварад, пас, бар он чи мекарданд, ғам махӯр
11:37 Ва [акнун] киштиро зери назари Мо ва ба ваҳй [ва роҳнамоӣ]-и Мо бисоз ва дар бораи касоне, ки ситам карданд, бо Ман сухан магӯ [чаро ки] онҳо, ҳатман, ғарқшуданӣ ҳастанд»