>

Маркази тарҷумаи Равод — 224

11:20 Онон дар замин нотавонкунанда [-и Аллоҳ аз азоби хеш] нестанд ва ҷуз Аллоҳ таоло дӯстоне надоранд. Азоб бар эшон дучанд мешавад,[чаро ки] онон на тавони шунидан [-и ҳақро] доштанд ва на [ҳақоиқро] медиданд

11:21 Инонанд, ки ба хеш зиён заданд ва дурӯғҳое, ки мебофтанд, [ҳама] маҳву нобуд шуд

11:22 Ногузир онон дар охират аз ҳама зиёнкортаранд

11:23 Касоне, ки имон овардаанд ва корҳои шоиста кардаанд ва дар баробари Парвардигорашон фурӯтанӣ намудаанд, инон яқинан биҳиштианд [ва] ҳам инон дар он ҷовидонанд

11:24 Масали ин ду гурӯҳ [кофиру муъмин] ҳаммонанди нобино ва ношунаво [аз як сӯ] ва бино ва шунаво [аз сӯйи дигар] аст. Оё бо якдигар баробаранд? Оё панд намегиред?

11:25 Ва ба ростӣ Мо Нуҳро ба сӯйи қавмаш фиристодем [бо ин паём], ки: «Ба ростӣ, ки ман бароятон бимдиҳандае ошкорам

11:26 Ҷуз Аллоҳро напарастед, [ки] бе тардид ман аз азоби рӯзе дарднок бар шумо метарсам»

11:27 Бузургоне аз қавми ӯ, ки куфр варзида буданд, [дар посух] гуфтанд: «Туро ҷуз башаре ҳаммонанди хеш намебинем ва ба ҷуз фурӯмоягони мо [он ҳам надониста ва] насанҷида [каси дигареро] намебинем, ки аз ту пайравӣ карда бошад ва бароятон [ҳеҷ] бартарие бар худ намебинем, балки шуморо дурӯғгӯ мепиндорем»

11:28 [Нуҳ] гуфт: «Эй қавми ман, ба ман бигӯед, [ки] агар аз сӯйи Парвардигорам далел [-у муъҷизаи] ошкоре дошта бошам ва Ӯ аз ҷониби хеш ба ман раҳмате [ нубувват] бахшида бошад ва [ин мавҳибат] аз диди шумо пӯшида бошад, оё мо метавонем ба [пазириши] он водоратон кунем ва ҳол он ки кароҳат доред?