Маркази тарҷумаи Равод — 223
11:13 Ё мегӯянд: «[Муҳаммад] Он [китоб]-ро барсохтааст». Бигӯ: «Агар рост мегӯед, даҳ сура барсохта ҳаммонанди он биёваред ва ба ҷуз Аллоҳ таоло ҳар киро метавонед, ба ёрӣ бихонед»
11:14 Пас, агар онон даъвататонро напазируфтанд, бидонед, ки [Қуръон] фақат ба илми Аллоҳ таоло нозил шудааст ва ин ки ҳеҷ маъбуде [барҳақ] ҷуз Ӯ нест. Пас, оё таслим [-и амри Аллоҳ таоло ва паёмбар] мешавед?
11:15 Касоне, ки зиндагии дунё ва зинати онро мехоҳанд, [подоши] корҳояшонро дар ин [дунё] ба тамомӣ ба онон медиҳем ва дар он [подош ҳеҷ] каму косте нахоҳанд дид
11:16 Инон касоне ҳастанд, ки дар охират ба ҷуз оташ [-и дузах ҳеҷ насибе] нахоҳанд дошт ва он чи дар дунё анҷом додаанд, бар бод рафтааст ва он чи мекарданд, табоҳ аст
11:17 Оё касе [Паёмбар], ки далели ошкоре [Қуръон] аз Парвардигораш дорад ва шоҳиде [Ҷабраил] аз ҷониби Ӯ [Аллоҳ таоло] онро мехонад, [ҳаммонанди кофирони гумроҳ аст] ва ҳол он ки пеш аз он низ Мӯсо роҳнамо ва мояи раҳмат [-и эшон] буд. Инон [мусулмонон] ба он [китоб] имон доранд ва ҳар касе аз гурӯҳҳо[-и мухталифи мушрикон], ки ба он куфр биварзад [ва инкораш кунад], оташи дузах ваъдагоҳи ӯст. Пас,[эй паёмбар] аз [Қуръон ва ҳақиқати ваъдаҳои] он дар тардид мабош. Бе тардид, он [китобе] росту дуруст аз сӯи Парвардигори туст, вале бештари мардум имон намеоваранд
11:18 Ва кист ситамгортар аз он кас, ки [бо нисбат додани фарзанд ё шарик] бар Аллоҳ таоло дурӯғ мебандад? Онон [рӯзи қиёмат] бар Парвардигорашон арза мешаванд ва гувоҳон [паёмбарон ва фариштагон] мегӯянд: «Инҳо ҳамон касоне ҳастанд, ки бар Парвардигорашон дурӯғ мебастанд». Ҳон! Лаънати Аллоҳ таоло бар ситамгорони [мушрик] бод!!
11:19 [Ҳамон] касоне, ки [мардумро] аз роҳи Аллоҳ таоло бозмедоранд ва онро мунҳариф мехоҳанд ва онон худ охиратро бовар надоранд