>

Маркази тарҷумаи Равод — 222

11:6 Ва ҳеҷ ҷунбандае дар замин нест, магар [ин ки] рӯзиаш бар уҳдаи Аллоҳ таоло аст ва [Ӯ] қароргоҳ ва маҳалли маргашро медонад. Ҳама [инҳо] дар китобе равшан [сабт] аст

11:7 Ва Ӯст, ки осмонҳо ва заминро дар шаш рӯз офарид ва [пеш аз он] Арши Ӯ бар об буд, то шуморо биозмояд, ки кадоматон накукортаред. Ва агар [ба мушрикон] бигӯед: «Шумо пас аз марг барангехта мешавед», касоне, ки куфр варзиданд мегӯянд: «Ин [Қуръон чизе] нест, магар ҷодуе ошкор»

11:8 Ва агар мо азобашонро то чанд муддате ба таъхир андозем, албатта,[аз рӯйи тамасхур] мегӯянд: «Чи чизе монеъи [вуқуъи] он шуда аст?» Огоҳ бошед! Рӯзе, ки [азоб] ба суроғашон биёяд, аз онон бозгардонида нахоҳад шуд ва он чиро ба масхара мегирифтанд, домангирашон хоҳад шуд

11:9 Ва агар аз ҷониби хеш раҳмате ба инсон бичашонем, сипас онро аз ӯ бигирем, ҳатман, дилсард [ва] носипос мегардад

11:10 Ва агар пас аз ранҷе, ки ба ӯ расидааст, неъмате ба ӯ бичашонем, ҳатман, мегӯяд: «Сахтиҳо [ва ногувориҳо] аз ман дур шуд». Ҳаққо, ки ӯ шодмону фахрфурӯш аст

11:11 Магар касоне, ки шикебоӣ намуданд ва корҳои нек карданд. Барои эшон омурзишу подоши бузурге [дар пеш] аст

11:12 Ва [эй Паёмбар] мабодо [иблоғи] бархе аз он чиро, ки ба сӯят ваҳй мешавад, тарк кунӣ ва синаат аз он ба танг ояд, ки [мушрикон] мегӯянд: «Чаро ганҷе бар ӯ нозил нагаштааст ё фариштае бо ӯ наёмадааст»? Ҷуз ин нест, ки ту фақат бимдиҳандаӣ ва Аллоҳ таоло [муроқибу] коргузори ҳар чизест