>

Маркази тарҷумаи Равод — 220

10:98 Ҳеҷ шаҳре набуд, ки [аҳлаш] имон биёварад ва имонаш ба ҳоли он суд бахшад, магар қавми Юнус, ки чун [ба мавқеъ] имон оварданд, азоби хорӣ [ва расвоӣ] дар зиндагии дунёро аз онон бартараф намудем ва то муддате [ки зинда буданд, аз неъматҳои дунявӣ] бархӯрдорашон сохтем

10:99 Ва [эй паёмбар] агар Парвардигорат мехост, ҳатман, ҳар ки дар замин аст, ҳамагияшон имон меоварданд. Пас, оё ту мардумро водор мекунӣ, ки муъмин шаванд?

10:100 Ва ҳеҷ касе наметавонад, [ба иродаи хеш] имон оварад, магар ба фармони Аллоҳ таоло. Ва [Аллоҳ таоло] палидӣ [ва азобу хорӣ]-ро бар касоне қарор медиҳад, ки намеандешанд

10:101 [Эй паёмбар, ба мушрикон] Бигӯ: «Бингаред, ки [нишонаҳои равшани Аллоҳ таоло] дар осмонҳо ва замин чист»? Ва[-ле ҳамаи] нишонаҳо ва ҳушдорҳо барои гурӯҳе, ки имон намеоваранд, суде намебахшад

10:102 Оё онҳо [чизе] ҷуз ҳаммонанди рӯзгори пешиниён [ва азобҳо ва муҷозотҳояшон]-ро интизор мекашанд? Бигӯ: «Мунтазир бошед, ки ман [низ] бо шумо аз мунтазиронам»

10:103 Сипас [ҳангоми нузули азоб] паёмбаронамон ва касонеро, ки [ба Аллоҳ таоло] имон овардаанд, наҷот медиҳем, зеро ҳақ бар уҳдаи мост, ки муъминонро наҷот диҳем

10:104 Бигӯ: «Эй мардум, агар дар дини ман тардид доред, пас, [огоҳ бошед ки ман] касонеро, ки шумо ба ҷойи Аллоҳ таоло мепарастед, намепарастам, балки он Аллоҳ таолоро мепарастам, ки ҷонатонро мегирад ва фармон ёфтаам, ки аз муъминон бошам»

10:105 Ва [ба ман амр шудааст] ки: «Ҳақгароёна ба ин дин рӯ овар ва ҳаргиз дар зумраи мушрикон набош

10:106 Ва ба ҷойи Аллоҳ таоло, чизеро, ки суду зиёне ба ту намерасонад, [ба парастишу ниёзхоҳӣ] махон, ки агар чунин кунӣ, он гоҳ ҳатман, аз ситамгорон [-и мушрик] хоҳӣ буд