>

Маркази тарҷумаи Равод — 22

2:142 Ба зудӣ гурӯҳе аз мардуми камхирад [яҳудӣ] хоҳанд гуфт: "Чӣ чизе онҳо [мусулмонон]-ро аз қиблаашон [Байт-ул-муқаддас], ки бар он буданд, [ба сӯйи Каъба] бозгардонд"? [Эй паёмбар] Бигӯ: "Машриқу мағриб аз они Аллоҳ таоло аст, ҳар касро бихоҳад ба роҳи рост ҳидоят мекунад"

2:143 Ҳамон гуна [ки қиблаи шумо як қиблаи миёна аст] шуморо низ уммати миёна [ва аҳли эътидол] қарор додем то [дар рӯзи қиёмат] бар мардум гувоҳ бошед [ки паёмбарони илоҳӣ паёмашонро ба дурустӣ расонидаанд] ва паёмбар бар шумо гувоҳ бошад [ки каломи Аллоҳро ба шумо расонидааст] ва мо қиблаеро, ки бештар бар он будӣ [Байт-ул-муқаддас], қарор надодем, магар барои ин ки касеро, ки аз паёмбар пайравӣ мекунад, аз касе, ки ба ақиб бозмегардад [ва аз итоати Аллоҳ таоло ва расулаш рӯйгардон мешавад], бозшиносем. Мусалламан ин [ҳукм] ҷуз бар касоне, ки Аллоҳ таоло ҳидояташон карда бошад, сангину душвор аст. Аллоҳ таоло ҳаргиз имон [ва намоз]-и шуморо зоеъ намегардонад. Ба ростӣ, ки Аллоҳ таоло нисбат ба мардум дилсӯзу меҳрубон аст

2:144 [Эй паёмбар] Ба ростӣ, ки мо гардондани рӯятро ба [сӯйи] осмон [ки дар интизори ваҳйи илоҳӣ барои тағйири қибла ҳастӣ] мебинем. Акнун туро ба [сӯйи] қиблае бозмегардонем, ки ба он хушнуд мешавӣ, пас, рӯйи худро ба сӯйи Масҷид-ул-ҳаром кун ва [шумо низ, эй муъминон, барои адои намоз] ҳар ҷо будед, рӯйи худро ба сӯйи он бигардонед. Касоне, ки китоби [осмонӣ] ба онҳо дода шуд, ба хубӣ медонанд, ки ин [тағйири қибла фармони] ҳақ аст [ва] аз ҷониби Парвардигорашон мебошад ва Аллоҳ таоло аз он чи мекунанд, ғофил нест

2:145 Агар барои онон, ки китоби [осмонӣ] ба эшон дода шудааст, ҳар нишона [ва далеле барои ҳаққонияти тағйири қибла] биёварӣ, [боз ҳам] аз қиблаи ту пайравӣ намекунанд ва ту [низ] аз қиблаи онон пайравӣ нахоҳӣ кард ва бархе аз онон низ аз қиблаи бархе дигар пайравӣ намекунанд ва агар пас аз он ки илму дониш ба ту расидааст, аз хостаҳои [нафсонии] онон [дар мавриди қибла ва дигар аҳком] пайравӣ кунӣ, дар ин сурат мусалламан аз ситамгорон хоҳӣ буд