>

Маркази тарҷумаи Равод — 219

10:89 [Аллоҳ таоло] Фармуд: Ҳатман, дуои шумо ду нафар пазируфта шуд, пас, истиқомат кунед ва аз роҳи касоне, ки намедонанд, пайравӣ накунед»

10:90 Ва [саранҷом] Бани Исроилро аз дарё гузарондем,он гоҳ Фиръавн ва сипоҳиёнаш аз рӯйи ситам ва таҷовуз дар пайи онон рафтанд, то ҳангоме ки ғарқоби Ӯ [Фиръавн]-ро фаро гирифт, [бо ноумедӣ] гуфт: «Имон овардам, ки ҳеҷ маъбуде [бар ҳақ] нест, магар касе, ки Бани Исроил ба Ӯ имон овардаанд ва ман аз таслимшудагонам»

10:91 [Ба ӯ гуфта шуд ] «Инак [имон меоварӣ]? Ва ҳол онки пештар сарпечӣ мекардӣ ва аз муфсидон будӣ?

10:92 [Бидон, ки] имрӯз пайкари [беҷони] туро бар баландии [соҳил] меандозем, то барои ояндагонат мояи ибрат бошад ва ба ростӣ, бисёре аз мардум аз нишонаҳои [тавону тадбири] мо ғофиланд

10:93 Ва бе тардид, Мо Бани Исроилро дар ҷойгоҳи шоиста [дар сарзамини Шом] ҷой додем ва аз неъматҳои покиза рӯзияшон кардем. Пас, онҳо ихтилоф накарданд, магар пас аз онки илм [ба ҳаққонияти Қуръон] ба сӯяшон омад. [Эй паёмбар] Парвардигорат рӯзи қиёмат дар бораи ончи ихтилоф мекарданд, ҳатман, миёнашон ҳукм мекунад

10:94 Пас, агар дар ончи бар ту нозил кардаем, тардиде дорӣ, аз касоне, ки пеш аз ту китоб [-ҳоиТаврот ва Инҷил]-ро мехонданд, суол кун. Яқинан ҳақ аз тарафи Парвардигорат ба сӯйи ту омадааст. Пас, ҳаргиз аз тардидкунандагон набош

10:95 Ва [ҳамчунин] аз касоне набош, ки оёти Аллоҳ таолоро дурӯғ ангоштанд, ки аз зиёнкорон хоҳӣ буд

10:96 Бе тардид, касоне, ки сухани Парвардигорат дар бораи [куфр дар дунё бар] онон таҳаққуқ ёфтааст, имон намеоваранд

10:97 Гарчи ҳар нишона [ва панде] барояшон биёяд, [магар] вақте ки азоби дарднокро бубинанд