Маркази тарҷумаи Равод — 218
10:79 Ва Фиръавн гуфт: «Тамоми ҷодугарони [моҳиру] доноро назди ман биёваред»
10:80 Пас, чун ҷодугарон омаданд, Мӯсо ба онон гуфт: «Ончи [аз васоили ҷоду] мехоҳед, биафканед, [акнун] биафканед»
10:81 Пас, чун афканданд, Мӯсо гуфт: «Ончи овардаед, ҷодуст. Яқинан, Аллоҳ таоло онро ботил хоҳад кард. Бе тардид, Аллоҳ таоло кори муфсидонро ислоҳ намекунад
10:82 Ва Аллоҳ таоло бо суханони хеш ҳақро [собиту] пойдор мекунад, ҳарчанд муҷримон кароҳат дошта бошанд»
10:83 Пас ҳеҷ кас ба Мӯсо имон наёвард, магар гурӯҳе аз қавми ӯ [он ҳам] бо тарси Фиръавн ва атрофиёнаш, ки [мабодо] ононро биозорад. Ва бешак, Фиръавн дар замин саркаш [-у ҷоҳталаб] буд ва ба ростӣ, ки ӯ аз исрофкорон [дар куфру ҷиноят] буд
10:84 Мӯсо гуфт: «Эй қавми ман, агар ба Аллоҳ таоло имон овардаед ва агар аҳли таслим ҳастед, пас, бар Ӯ таваккал кунед»
10:85 Пас, онон гуфтанд: «Бар Аллоҳ таоло таваккал кардаем. Парвардигоро, моро дастхуши фитна [ва шиканҷа ва озори] гурӯҳи ситамгорон қарор мадеҳ
10:86 Ва ба [фазлу] раҳмати хеш моро аз [шарри] гурӯҳи кофирон раҳоӣ бубахш»
10:87 Ба Мӯсо ва бародараш [Ҳорун] ваҳйи кардем, ки: «Барои қавми худ, хонаҳое дар [сарзамини] Миср баргиред ва хонаҳоятонро ибодатгоҳ қарор диҳед ва намоз барпо доред. Ва[эй Мӯсо] муъминонро [ба пирӯзӣ ва биҳишт] башорат бидеҳ»
10:88 Мӯсо гуфт: «Парвардигоро, бе гумон, ту ба Фиръавн ва атрофиёнаш зинату амвол [-и фаровон] дар зиндагии дунё додаӣ.Парвардигоро, то [ба он васила мардумро] аз роҳат гумроҳ кунанд. Парвардигоро, амволашонро нобуд кун ва дилҳояшонро сахт бигардон, ки имон наоваранд, то [вақте ки] азоби дарднокро бубинанд»