>

Маркази тарҷумаи Равод — 217

10:71 [Эй паёмбар] Достони Нуҳро бар онон бозгӯ, он гоҳ ки бар қавмаш гуфт: «Эй қавми ман, агар монанди ман [дар миёни шумо] ва андарз додан ба оёти Аллоҳ таоло бар шумо гарон омадааст, [бидонед, ки ман] бар Аллоҳ таоло таваккал кардааам, пас, [дар тавтеа ва] коратон бо шарикони худ [алайҳи ман] ҳамдаст шавед ва дар коратон пардапӯшӣ накунед,он гоҳ [ҳар чи дар дил доред ва метавонед] алайҳи ман ба кор бандед ва муҳлатам надиҳед

10:72 Агар [аз даъвати ҳақ] рӯйгардон шудед, пас, [бидонед, ки] ман подоше аз шумо нахостаам, [чаро ки] подошам танҳо бар Аллоҳ таоло аст ва ман дастур ёфтаам, ки аз таслимшудагон [-и авомири илоҳӣ] бошам»

10:73 Пас, [қавмаш] ӯро дурӯғгӯ ангоштанд ва Мо ӯ ва касонеро, ки дар киштӣ ҳамроҳаш буданд, наҷот додем ва ононро ҷонишин [-и пешиниён] сохтем ва касонеро, ки оёти Моро дурӯғ меангоштанд, ғарқ кардем. Пас, бингар, ки саранҷоми ҳушдорёфтагон чигуна буд

10:74 Сипас баъд аз ӯ паёмбароне ба сӯйи қавмаш фиристодем ва муъҷизоти равшан [бар эшон] оварданд, вале онҳо бар он набуданд, ки ба чизе имон биёваранд, ки аз пеш онро дурӯғ шумурда буданд. Бад-ин сон, бар дилҳои таҷовузкорон [аз ҳудуди илоҳӣ] муҳр мениҳем

10:75 Сипас баъд аз эшон Мӯсо ва Ҳорунро бо муъҷизоти хеш ба сӯйи Фиръавн ва бузургони қавмаш фиристодем, вале онон гарданкашӣ карданд ва қавме гунаҳкор буданд

10:76 Пас, чун ҳақ аз назди мо ба сӯяшон омад, гуфтанд: «Ин, ҳатман, ҷодуи ошкор аст»

10:77 Мӯсо гуфт: «Оё вақте ҳақ ба сӯятон омад, мегӯед [ҷодуст]? Оё ин ҷодуст? Ва ҳол онки ҷодугарон растагор намешаванд»

10:78 [Фиръавниён] Гуфтанд: «Оё ба сӯйи мо омадаӣ, то моро аз шевае, ки падаронамонро бар он ёфтаем, бозгардонӣ ва [иззату] бузургӣ дар ин сарзамин барои шумо дутан бошад? Мо ҳаргиз ба шумо ду тан имон намеоварем»