Маркази тарҷумаи Равод — 216
10:62 Огоҳ бошед! Дӯстони Аллоҳ таоло на тарсе хоҳанд дошт ва на андуҳгин мешаванд
10:63 [Ҳамон] Касоне, ки имон оварданд ва парҳезгорӣ мекарданд
10:64 Барои онон дар зиндагии дунё ва дар охират башорат аст. Суханони Аллоҳ таоло [дар бораи пирӯзӣ ва подоши ду ҷаҳон] тағйирнопазир аст. Ин ҳамон [растагорӣ ва] комёбии бузург аст
10:65 [Эй паёмбар] Сухани онон туро ғамгин накунад. Бе тардид, тамоми иззат [-у пирӯзмандӣ] аз они Аллоҳ таолост [ва] Ӯ шунавову доност
10:66 Огоҳ бошед! Ҳар ки [ва ҳар чи] дар осмонҳо ва замин аст, аз они Аллоҳ таоло аст, пас,касоне, ки ба ҷойи Аллоҳ таоло шариконеро мехонанд, аз чи пайравӣ мекунанд? Инон ҷуз аз [тардиду] гумон пайравӣ намекунанд ва ҷуз дурӯғ намегӯянд
10:67 Ӯст, ки шабро бароятон падид овард, то дар он биоромед ва рӯзро равшан сохт [то дар партави нураш ба кор бипардозед]. Бе тардид, дар инҳо барои гурӯҳе, ки [суханони ҳақро] мешунаванд, нишонаҳост
10:68 [Мушрикон] Гуфтанд: «Аллоҳ таоло фарзанде барои худ ихтиёр кардааст». Муназзаҳ аст Ӯ [ва] бениёз аст. Ончи дар осмонҳо ва замин аст, аз они Ӯст. [Эй мушрикон] Шумо бар ин [иддао] далеле надоред. Оё чизеро, ки намедонед, ба дурӯғ ба Аллоҳ таоло нисбат медиҳед?
10:69 Бигӯ: «Касоне, ки ба Аллоҳ таоло нисбати дурӯғ медиҳанд, ҳаргиз растагор намешаванд»
10:70 Онон баҳра [-и андак] дар дунё [доранд], сипас бозгашташон ба сӯи Мост. Он гоҳ ба [сазои] онки куфр меварзиданд, азоби сахт ба онон мечашонем