Маркази тарҷумаи Равод — 215
10:54 Ва ҳар ки [бо иртикоби ширку гуноҳ] ситам кардааст, агар ончи дар замин аст, [дар ихтиёр] дошта бошад, ҳатман, онро барои бозхариди [худ аз азоб] худ медиҳад ва [мушрикон] вақте азобро бубинанд, пушаймонии худро пинҳон мекунанд ва миёнашон ба адолат доварӣ мешавад ва бар эшон ситам намеравад
10:55 Огоҳ бошед! Дар ҳақиқат ончи дар осмонҳо ва замин аст, [ҳама] аз они Аллоҳ таолост. Огоҳ бошед! Бе тардид, ваъдаи Аллоҳ таоло [дар мавриди кайфари кофирон] рост аст, вале бештарашон намедонанд
10:56 Ӯст, ки зинда мекунад ва мемиронад ва [ҳамагӣ] ба сӯйи Ӯ бозгардонда мешавед
10:57 Эй мардум, баростӣ, барои шумо аз ҷониби Парвардигоратон мавъизае омадааст ва шифое барои ончи дар дилҳост ва ҳидояту раҳмате барои муъминон
10:58 Бигӯ: «[Муъминон] Бояд ба бахшишу раҳмати Аллоҳ таоло шодмон шаванд, ки ин [неъмат] аз ончи меандузанд, беҳтар аст»
10:59 Бигӯ: «Ба ман хабар диҳед, ки ончи аз [неъмат ва] рӯзӣ, ки Аллоҳ таоло бароятон фиристодааст, [чаро] бахше аз онро ҳаром ва [бахши дигарро] ҳалол талаққӣ кардаед»? Бигӯ: «Оё Аллоҳ таоло бар шумо чунин дастур додааст ё бар Аллоҳ таоло дурӯғ мебандед?»
10:60 Ва касоне, ки бар Аллоҳ таоло дурӯғ мебанданд, [дар бораи] рӯзи қиёмат чи мепиндоранд? Бе гумон, Аллоҳ таоло бар [ҳамаи] мардум фазл [-у бахшиш] дорад, вале бештарашон сипос намегузоранд
10:61 Ва [эй паёмбар] ту машғули ҳеҷ коре нестӣ ва ҳеҷ [ояте аз] онро намехонӣ ва [шумо низ эй мардум] ҳеҷ коре намекунед, магар инки он гоҳ ки ба он мепардозед, Мо бар [корҳои] шумо гувоҳем ва ҳамвазни заррае – [на] дар замин ва на дар осмон – аз Парвардигорат пинҳон нест ва [ҳатто] кучактар ё бузургтар аз он [низ] чизе нест, магар инки бар китоби равшан [сабт шуда] аст