>

Маркази тарҷумаи Равод — 214

10:43 Ва аз эшон касоне ҳастанд, ки [бо чашми зоҳирӣ] туро менигаранд, аммо оё ту метавонӣ нобиноёнро ҳидоят кунӣ, ҳарчанд аҳли басират набошанд?

10:44 Яқинан, Аллоҳ таоло ба мардум ҳеҷ ситаме намекунад, вале мардум [ҳастанд, ки бо ширку нофармонӣ] ба хештан ситам мекунанд

10:45 Ва рӯзе, ки [Аллоҳ таоло] ононро [дар пешгоҳи хеш] гирд меоварад, [чунон эҳсос мекунанд, ки] гӯӣ ҷуз соате аз рӯз [дар дунё] диранг накардаанд [ва дар онҷо] якдигарро мешиносанд. Бе тардид, касоне, ки дидори Аллоҳ таолоро дурӯғ меангоштанд, зиён диданд ва ҳидоят наёфтанд

10:46 Ва [эй паёмбар] агар бахше аз ончи [аз азоб]-ро, ки ба онон ваъда додаем, нишонат диҳем ё ҷони туро [пеш аз азоби онон] бигирем, [дар ҳар ҳол] бозгаштатон ба сӯйи Мост, он гоҳ Аллоҳ таоло бар ончи мекунанд, гувоҳ аст

10:47 Ҳар уммате паёмбаре дорад, пас, ҳангоме ки паёмбарашон омад [бархе муъмин ва бархе кофир шуданд; ва рӯзи қиёмат] миёни онон ба адолат доварӣ мешавад ва [ҳаргиз] ба эшон ситам нахоҳад шуд

10:48 [Мушрикон ба паёмбар] мегӯянд: «Агар [ту ва пайравонат] рост мегӯед, ин ваъдаи [азоб] кай хоҳад буд»?

10:49 Бигӯ: «Ман барои хеш молики ҳеҷ зиёну суде нестам, магар ончи Аллоҳ таоло бихоҳад. Ҳар уммате аҷале дорад ва он гоҳ ки аҷалашон ба сар ояд, на соате [аз он] таъхир мекунанд ва на пешӣ мегиранд»

10:50 [Эй паёмбар, ба кофирон] бигӯ: «Ба ман бигӯед агар азоби Ӯ шабона ё дар [вақти] рӯз бар шумо нозил гардад, [чи мекунед ва] гунаҳкорон чи чизеро аз он [азоб] ба шитоб мехоҳанд?»

10:51 Оё пас аз онки [азоб] воқеъ шуд, бовараш мекунед? Оё акнун? Ва ҳол онки [пештар] онро ба шитоб мехостед

10:52 Сипас ба касоне, ки ситам карданд, гуфта мешавад: «Азоби ҷовидонаро бичашед. Оё чизе дар баробари ончи мекардед муҷозот мешавед?»

10:53 Ва [эй паёмбар, мушрикон] Аз ту хабар мегиранд [ки]: «Оё он [азоб] ҳақиқат дорад»? Бигӯ: «Оре, савганд ба Парвардигорам,ки ҳатман, ҳақиқат дорад ва шумо наметавонед [Аллоҳ таолоро аз вуқуи маод ва азоб] дармонда кунед»