>

Маркази тарҷумаи Равод — 213

10:34 [Эй паёмбар, ба мушрикон] Бигӯ: «Оё аз маъбудонатон [бутҳо] касе ҳаст, ки офаринишро оғоз кунад ва сипас онро [пас аз марг] бозгардонад?» Бигӯ: «Аллоҳ таоло аст, ки офаринишро оғоз мекунад ва сипас онро бозмегардонад, пас, ба куҷо мунҳариф мешавед?»

10:35 Бигӯ: «Оё аз маъбудонатон касе ҳаст, ки ба сӯйи ҳақ раҳбарӣ кунад?». Бигӯ: «[Аллоҳ таоло] аст, ки ба сӯйи ҳақ раҳбарӣ мекунад. Пас, оё касе, ки ба сӯйи ҳақ раҳбарӣ мекунад, сазовортар аст, ки пайравӣ шавад ё касе, ки худ роҳ намеёбад, магар онки ҳидояташ кунанд? Пас, шуморо чи шудааст? Чигуна доварӣ мекунед?»

10:36 Ва бештарашон ҷуз аз гумон пайравӣ намекунанд, [дар ҳоле ки] гумон ҳаргиз [инсонро] аз [шинохти] ҳақ бениёз намекунад. Бе тардид, Аллоҳ таоло ба ончи мекунанд, доност

10:37 Ва нашояд, ки ин Қуръон аз ҷониби ғайри Аллоҳ таоло [ва] ба дурӯғ сохта шуда бошад, балки тасдиқи китобҳоест, ки пеш аз он омадааст ва шарҳи [аҳкоми] онҳост ва тардид дар он нест [ва] аз [ҷониби] Парвардигори ҷаҳониён [нозил шуда] аст

10:38 Ё мегӯянд: «[Муҳаммад] Он [суханон]-ро ба дурӯғ [ба Аллоҳ таоло] нисбат додааст»? Бигӯ: «Агар рост мегӯед, пас, як сура ҳаммонанди он биёваред ва ба ҷуз Аллоҳ таоло ҳаркиро метавонед, [ба ёрӣ] бихонед»

10:39 [Чунин нест] Балки чизеро дурӯғ шумурданд, ки ба шинохташ иҳота надоштанд ва ҳанӯз воқеияти он [ва ҳақиқати ахбораш] бар эшон равшан нашудааст. Касоне, ки пеш аз онон буданд, низ [оёти Қуръонро] ҳамингуна дурӯғ ангоштанд. Пас, [эй паёмбар] бингар, ки оқибати ситамгорон чигуна буд

10:40 Ва аз онон [мушрикон] касе ҳаст, ки ба он имон меоварад ва аз онон касе ҳаст, ки [ҳаргиз] ба он имон намеоварад ва Парвардигорат ба [ҳоли] муфсидон огоҳтар аст

10:41 Ва агар [кофирон] туро дурӯғгӯ ангоштанд, пас, бигӯ: «[Натиҷаи] амали ман барои худам ва [сазои] амали шумо барои худатон аст. Шумо аз ончи ман мекунам, безоред ва ман [низ] аз ончи [шумо] мекунед безорам»

10:42 Ва бархе аз онҳо [дар зоҳир] ба ту гӯш фаро медиҳанд, аммо магар ту метавонӣ ношунавоёнро [ки аз шунидани каломи ҳақ оҷизанд] шунаво кунӣ, ҳарчанд хирадварзӣ накунанд?