>

Маркази тарҷумаи Равод — 212

10:26 Барои касоне, ки некӣ кардаанд, подоши нек [биҳишт] аст ва афзун бар он [руъяти Бори таолост] ва тирагию хорӣ чеҳраҳояшонро нахоҳад пӯшонд. Инон аҳли биҳиштанд ва ҷовидона дар он хоҳанд монд

10:27 Ва касоне, ки муртакиби бадиҳо шуданд, [бидонанд] сазои [ҳар] бадӣ ҳаммонанди он аст ва хорӣ [чеҳраҳои] ононро мепӯшонад ва дар баробари [азоби] Аллоҳ таоло ҳеҷ [монеъ ва] муҳофизе надоранд. [Чунон мешаванд, ки] гӯӣ чеҳраҳояшон бо порае аз шаби торик пӯшида шудааст. Инон аҳли оташанд ва ҷовидона дар он хоҳанд монд

10:28 [Ва эй паёмбар, ёд кун аз] рӯзе, ки ҳамаи ононро гирд меоварем,он гоҳ ба касоне, ки ширкат варзидаанд, мегӯем: «Шумо ва шариконатон [маъбудонатон] бар ҷойи худ бимонед». Сипас миёни онҳо ҷудоӣ меафканем ва шариконашон мегӯянд: «Дар ҳақиқат, шумо моро намепарастидед

10:29 Ва кофист, ки Аллоҳ таоло миёни мо ва шумо гувоҳӣ диҳад, [ки мо ба ширкварзии шумо розӣ набудем ва] аз парастиши шумо комилан бехабар будем»

10:30 Онҷост, ки ҳар касе ончиро аз пеш фиристодааст, меозмояд ва ҳамагӣ ба сӯйи Аллоҳ таоло – корсози ҳақиқияшон бозгардонда мешаванд ва дурӯғҳое, ки [дар бораи шафоати бутҳо] мебофтанд, ҳама маҳву нобуд мегардад

10:31 [Эй паёмбар, ба мушрикон] Бигӯ: «Кист, ки аз осмону замин ба шумо рӯзӣ мебахшад? Ё кист, ки бар гӯшҳо ва дидагон ҳоким аст? Ва кист, ки [мавҷуди] зиндаро аз [модаи] беҷон берун меоварад ва [модаи] беҷони мурдаро аз [мавҷуди] зинда хориҷ месозад? Ва кист, ки кори [ҷаҳону ҷаҳониён]-ро тадбир мекунад»? Хоҳанд гуфт: «Аллоҳ таоло». Пас, бигӯ: «Оё парво намекунед»?

10:32 Ва пас аз ҳақиқат ҷуз гумроҳӣ чист? Пас, чигуна [аз ҳақ] бозгардонда мешавед?

10:33 Ин гуна сухани Парвардигорат дар бораи касоне, ки [аз фармони Ӯ] нофармонӣ карданд, ба ҳақиқат пайваст, ки: «Онон имон намеоваранд»