>

Маркази тарҷумаи Равод — 211

10:21 Ва ҳангоме ки ба мардум пас аз [зиён ва] ранҷе, ки ба онон расидааст, [неъмату] раҳмате бичашонем, он гоҳ дар оёти Мо [тамасхуру] найранг мекунанд. Бигӯ: «Аллоҳ таоло дар найранг задан сареътар аст». Бе тардид, фиристодагон [фариштагон]-и Мо ҳарчи найранг мекунед, менависанд

10:22 [Эй мардум] Ӯст, ки шуморо дар хушкӣ ва дарё ба ҳаракат дармеоварад, то он гоҳ ки дар [дарё бар] киштӣ қарор мегиред ва [киштиҳо] бо боди дилпазир ононро [ба сӯйи мақсад] ҳаракат медиҳанд ва [сарнишинон] ба он шодмон мешаванд. [Ногаҳон] Тӯфони шадиде мевазад ва мавҷ аз ҳар тараф [басӯяшон] меояд ва гумон мекунанд, ки роҳи гурезе надоранд [ва ҳалок хоҳанд шуд, пас] Аллоҳ таолоро аз рӯйи ихлос мехонанд, ки: «Агар моро аз ин [гирифторӣ] наҷот диҳӣ, ҳатман, аз сипосгузорон хоҳем шуд»

10:23 Ва чун [Аллоҳ таоло] наҷоташон медиҳад, ба ноҳақ дар замин саркашӣ [ва ситам] мекунанд. Эй мардум, саркашӣ [ва ситами] шумо танҳо ба зиёни худатон аст, [чаро ки фақат] баҳраи [ночизе аз] зиндагии дунё [мебаред ва] сипас бозгаштатон ба сӯйи Мо хоҳад буд,он гоҳ шуморо аз ончи мекардед, бохабар месозем

10:24 Ҷуз ин нест, ки мисоли зиндагии дунё ҳамчун обест, ки аз осмон фурӯ рехтем, пас, гиёҳони [гуногуни] замин аз ончи мардум ва чорпоён мехӯранд, бо он даромехт [ва рӯйид] то он гоҳ ки замин пирояи худро [бо гулҳо ва гиёҳон] баргирифт ва ороста шуд ва сокинонаш пиндоштанд, ки онон бар он тавоноие доранд [ки аз маҳсулоташ баҳраманд гарданд, вале ногаҳон] шабе ё рӯзе фармони [вайронии] Мо омад ва он [кишту мева]-ро чунон дарав кардем, ки гӯӣ дирӯз ҳеҷ набудааст. Мо нишонаҳо[-и худ]-ро барои мардуме, ки меандешанд, инчунин ба равшанӣ баён мекунем

10:25 Ва Аллоҳ таоло [шуморо] ба сарои саломат [биҳишт] фаро мехонад ва ҳаркиро бихоҳад, ба роҳи рост ҳидоят мекунад