>

Маркази тарҷумаи Равод — 209

10:7 Онон, ки ба дидори Мо умед [ва бовар] надоранд ва ба зиндагонии дунё хушнуданд ва ба он дилбастаанд ва касоне, ки аз оёти Мо ғофиланд

10:8 Инон ба сазои ончи мекарданд, ҷойгоҳашон оташи [дузах] аст

10:9 Бе тардид, касоне, ки имон овардаанд ва корҳои шоиста кардаанд, Парвардигорашон ононро ба поси имонашон ба боғҳо [-и биҳишти пур] неъмат ҳидоят мекунад, ки ҷуйборҳо аз зери [дарахтони] он ҷорӣ аст

10:10 Дуояшон дар онҷо [ин аст]: «Илоҳо, Ту поку муназзаҳӣ» ва дурудашон [дар онҷо]: «Салом» аст ва поёни дуояшон ин аст, ки: «Ҳамду сипос, махсуси Аллоҳ таоло – Парвардигори ҷаҳониён аст»

10:11 Ва агар [Аллоҳ таоло] барои мардум, бадиро бо ҳамон шитоб мехост, ки онон некиро мехоҳанд [ва нафринҳое, ки дар ҳаққи худ ва амволу фарзандонашон мекунанд, мустаҷоб мекард], ҳатман, аҷалашон фаро расида буд. Пас, касонеро ки ба дидори Мо умед [-у бовар] надоранд, вомегузорем, то дар [гумроҳӣ ва] саркашияшон саргардон бимонанд

10:12 Ва чун ба инсон газанде мерасад, [дар ҳар ҳоле, ки бошад] ба паҳлу хобида ё нишаста ё истода Моро мехонад. Пас, ҳамин ки он газандро аз вай бартараф кардем, чунон меравад ки гӯӣ ҳаргиз Моро барои дафъи газанде, ки ба ӯ расида буд, нахондааст. Баҳамин сурат, барои исрофкорон [низ] ончи мекарданд, [дар назарашон] ороста шудааст

10:13 Ва [эй мушрикон] бе тардид, мо умматҳои пеш аз шуморо, ҳангоме ки ситам карданд, ҳалок кардем, дар ҳоле ки паёмбаронашон бо далели равшан ба сӯяшон омаданд ва [-ле] онон бар он набуданд, ки имон оваранд. Мо гурӯҳи муҷримонро ин гуна кайфар медиҳем

10:14 Сипас баъд аз онон шумо [мардум]-ро ҷонишинони онҳо [дар] замин қарор додем, то бингарем, ки чигуна рафтор мекунед