Маркази тарҷумаи Равод — 208
10:1 Алиф, лом, ро. Ин оёти китоби пурҳикмат аст.[1]
10:2 Оё барои мардум муҷиби шигифтист, ки ба марде аз худашон ваҳй кардаем, ки: «Ба мардум [дар бораи азоби охират] ҳушдор бидеҳ ва ба касоне, ки имон овардаанд, башорат бидеҳ, ки барои онон назди Парвардигорашон подоши накуст»? Кофирон гуфтанд: «Ин [мард], ҳатман, ҷодугари ошкор аст»
10:3 Бе гумон, Парвардигори шумост, ки осмонҳо ва заминро дар шаш рӯз офарид, сипас бар Арш қарор гирифт. Ӯ кор [-и ҷаҳон]-ро тадбир мекунад, [ва] ҳеҷ шафоатгаре нест, магар пас аз иҷозати Ӯ. Ин Аллоҳ таолост-Парвардигоратон, пас, Ӯро бипарастед. Оё панд намегиред?
10:4 Бозгашти ҳамаи шумо ба сӯйи Ӯст. Ваъдаи Аллоҳ таоло [дар мавриди қиёмат] ҳақ аст. Ӯст, ки офаринишро оғоз мекунад, он гоҳ [пас аз марг] онро бозмегардонад,то касонеро, ки имон овардаанд ва корҳои шоиста кардаанд, ба адолат подош диҳад, касоне, ки куфр варзиданд, ба сазои онки кофир буданд, шарбате аз оби ҷӯшон ва азоби дарднок [дар пеш] доранд
10:5 Ӯст, ки хуршедро дурахшон намуд ва моҳро тобон кард ва барояш ҷойгоҳҳо [-и мушаххасе] қарор дод то [бо тағйир ва вазъи моҳ] шумориши солҳо ва ҳисоб [-и зиндагии худ]-ро бидонед. Аллоҳ таоло инҳоро ҷуз ба ҳақ наофаридааст. Ӯ нишона[-ҳои худ]-ро барои гурӯҳе, ки медонанд, ба тафсил баён мекунад
10:6 Бе гумон, дар омадушуди шабу рӯз ва ончи Аллоҳ таоло дар осмонҳо ва замин офаридааст, барои касоне, ки парво мекунанд, нишонаҳо[-и қудрати илоҳӣ] аст