Маркази тарҷумаи Равод — 207
9:123 Эй касоне, ки имон овардаед, бо кофироне, ки наздики [маҳалли зиндагии] шумо ҳастанд, биҷангед [то хатарашонро рафъ намоед] ва онон бояд дар шумо шиддату хушунат биёбанд ва бидонед, ки Аллоҳ таоло бо парҳезгорон аст
9:124 Ва ҳангоме ки сурае нозил мегардад, бархе аз онон [ба дигаре] мегӯянд: « Ин сура ба имони кадом яке аз шумо афзуд»? Аммо касоне, ки имон овардаанд, бар имонашон меафзояд ва [ба он] шодмон мегарданд
9:125 Ва аммо касоне, ки дар дилҳояшон беморӣ [шакку нифоқе] аст, пас, палидӣ бар палидияшон меафзояд ва дар ҳоле ки кофиранд, мемиранд
9:126 Оё онон намебинанд, ки ҳар сол як ё ду бор озмоиш мешаванд? Аммо на тавба мекунанд ва на панд мепазиранд
9:127 Ва ҳангоме ки сурае нозил мешавад [ки аҳволи мунофиқонро баён намудааст], баъзе аз онон ба баъзи дигар нигоҳ мекунанд [ва мегӯянд]: «Оё касе шуморо мебинад»? Сипас [махфиёна аз он маҷлис] бозмегарданд. Аллоҳ таоло дилҳояшонро [аз хайру ҳидоят] бозгардондааст, зеро онон гурӯҳе ҳастанд, ки намефаҳманд
9:128 Яқинан, паёмбаре аз [миёни] худи шумо ба сӯятон омад, ки ранҷдиданатон бар ӯ [гарону] душвор аст ва бар [ҳидояти] шумо сахт исрор дорад ва [нисбат] ба муъминон дилсӯз [ва] меҳрубон аст
9:129 Пас, [эй Паёмбар] агар [мушрикон ва мунофиқон аз ҳақ рӯйгардон шуданд, бигӯ: «Аллоҳ таоло барои ман кофист. Ҳеҷ маъбуде [барҳақ] ҷуз Ӯ нест, танҳо бар Ӯ таваккал кардам ва Ӯ Парвардигори Арши бузург аст»