>

Маркази тарҷумаи Равод — 206

9:118 Ва ба он се нафар, ки [аз ширкат дар ғазваи Табук] тахаллуф намуданд [ва пазириши тавбаашон ба таъхир афтод, низ лутфу эҳсон намуд],он гоҳ ки [мусулмонон аз онон, ки буриданд ва] замин боҳамаи фарохияш бар эшон танг шуд ва аз худ [низ] ба танг омаданд ва донистанд, ки аз Аллоҳ таоло ҷуз ба сӯйи худи Ӯ паноҳе нест. Пас, [Аллоҳ таоло бо бахшоиши хеш] ба онон бозгашт, то тавба кунанд [ва аз эшон даргузашт]. Яқинан, Аллоҳ таоло аст, ки тавбапазири меҳрубон аст

9:119 Эй касоне, ки имон овардаед, аз Аллоҳ таоло парво кунед ва бо ростгӯён бошед

9:120 Сазовор нест, ки аҳли Мадина ва аъроб [-и бодиянишин] перомуни эшон аз [ҳамроҳӣ бо] Расулуллоҳ бозмонанд ва ҳифзи ҷони хешро муқаддам бар ӯ шуморанд, зеро дар роҳи Аллоҳ таоло ҳеҷ ташнагӣ ва ранҷу гуруснагие ба онон намерасад ва дар ҳеҷ маконе, ки кофиронро ба хашм меоварад, қадам намегузоранд ва аз душман ҳеҷ [шикаст ва] зарбае намехӯранд, магар инки ба [подоши] он кори шоиста барояшон сабт мешавад. Баростӣ, ки Аллоҳ таоло подоши накукоронро зоеъ намегардонад

9:121 Ва ҳеҷ моли кучак ва бузургеро [дар роҳи Аллоҳ таоло] инфоқ намекунанд ва [дар роҳи ҷиҳод] аз ҳеҷ сарзамине намегузаранд, магар инки [подошаш] бар эшон сабт мешавад, то Аллоҳ таоло подоши накутарин кирдорашонро ба онон бидиҳад

9:122 Ва сазовор нест, ки муъминон ҳамагӣ раҳсипор [-и ҷиҳод] шаванд. Пас, чаро аз ҳар гурӯҳе аз онон иддае раҳсипор намешаванд [ва иддае низ ҳамроҳи Паёмбар намемонанд], то [ба сабаби ончи аз маҳзараш фаро мегиранд] дар ин огоҳӣ биёбанд ва қавми худро вақте ба сӯяшон бозгаштанд, бим диҳанд? Бошад, ки онон [аз кайфари илоҳӣ битарсанд ва] бипарҳезанд