>

Маркази тарҷумаи Равод — 205

9:112 [Онон, ки чунин подоше доранд, ҳамон] тавбакунандагон, парастишгарон, сипосгузорон, рӯзадорон, рукуъкунандагон, саҷдакунандагон, водорандагон ба корҳои писандида ва боздорандагон аз корҳои нописанд ва посдорони ҳудуд [ва аҳкоми] илоҳӣ ҳастанд. Ва он муъминонеро, [ки чунин ҳастанд, ба биҳишт] башорат бидеҳ

9:113 Барои Паёмбар ва касоне, ки имон оварданд, сазовор нест, ки барои мушрикон, пас аз инки бар эшон ошкор шуд, ки онон аҳли дузаханд, омурзиш бихоҳанд, ҳарчанд аз наздикон бошанд

9:114 Омурзишхоҳии Иброҳим барои падараш [Озар] ҷуз ба хотири ваъдае, ки ба ӯ дода буд, сурат нагирифт, вале ҳангоме ки барояш ошкор шуд, ки вай душмани Аллоҳ таолост, аз ӯ безорӣ ҷуст [ва барояш дуо накард]. Ба ростӣ, ки Иброҳим, басе ниёишгар ва бурдбор буд

9:115 Ва Аллоҳ таоло ҳаргиз бар он нест, ки гурӯҳеро пас аз онки ҳидояташон кардааст, гумроҳ бигзорад. Магар онки чизеро, ки бояд [аз он] парҳез кунанд, барояшон равшан карда бошад [ва онон ба он амал накарда бошанд]. Бе тардид, Аллоҳ таоло ба ҳар чизе доност

9:116 Дар ҳақиқат, фармонравоии осмонҳо ва замин аз они Аллоҳ таолост. [Ӯст, ки] зинда мекунад ва мемиронад ва шумо ба ҷуз Аллоҳ таоло ҳеҷ корсозу ёваре надоред

9:117 Бе гумон, Аллоҳ таоло бар Паёмбар ва муҳоҷирин ва ансор, ки дар ҳангоми душворӣ [ғазваи Табук] аз Ӯ пайравӣ карданд, раҳмат овард, баъд аз онки наздик буд дилҳои гурӯҳе аз онон билағжад [ва ба сабаби сахтиҳои фаровон ҷиҳодро тарк кунанд], пас, [боз] тавбаи ононро пазируфт. Бе тардид, Ӯ [нисбат] ба онон дилсӯз [ва] меҳрубон аст