>

Маркази тарҷумаи Равод — 204

9:107 Ва касоне [аз мунофиқон ҳастанд], ки барои зиён расондан [ба мусулмонон] ва [тақвияти] куфру тафриқаафканӣ миёни муъминон масҷиде сохтанд, [то] камингоҳе бошад барои касоне, ки бо Аллоҳ таоло ва паёмбараш аз пеш дар ҷанг буданд ва, албатта, онон савганд ёд мекунанд, ки қасде ҷуз некӣ [ва хидмат] надоштаем. Ва Аллоҳ таоло гувоҳӣ медиҳад, ки онон, ҳатман, дурӯғгӯ ҳастанд

9:108 Эй Паёмбар] Ҳаргиз дар он масҷид [ба намоз] наист, [зеро] шоистатар аст дар масҷиде [ба намоз] биистӣ, ки аз рӯзи нахуст бар пояи парҳезгорӣ бино шудааст. [Оре, масҷиди Қубост] Ки дар он, мардоне ҳастанд, ки дӯст медоранд, ки [аз гуноҳу олудагӣ] поку покиза гарданд. Ва Аллоҳ таоло покизагонро дӯст медорад

9:109 Оё касе, ки бунёни [кори] хешро бар пояи парҳезгорӣ ва хушнудии Аллоҳ таоло бино ниҳода,беҳтар аст ё касе, ки бунёни хешро бар лаби партгоҳи фурӯрехтание бино ниҳодааст ва бо он дар оташи дузах сарнагун мегардад? Ва Аллоҳ таоло гурӯҳи ситамгоронро [ба сабаби куфру нифоқашон] ҳидоят намекунад

9:110 Он биное, ки онон бунён ниҳодаанд, пайваста дар дилҳояшон мояи тардид [ва нифоқ] хоҳад буд, магар онки дилҳояшон пора-пора шавад [ва бимиранд]. Ва Аллоҳ таоло донову ҳаким аст

9:111 Бе тардид, Аллоҳ таоло аз муъминон ҷонҳо ва амволашонро ба [баҳои] инки биҳишт барои онон бошад, харидааст, ҳамон касоне, ки дар роҳи Аллоҳ таоло меҷанганд ва [кофиронро] мекушанд ва [ё худ ба дасти онҳо] кушта мешаванд. [Ин подош] ба унвони ваъдаи росту дуруст дар Таврот ва Инҷил ва Қуръон бар уҳдаи Ӯст. Ва кист, ки аз Аллоҳ таоло ба паймони хеш вафодортар аст? Пас, [эй муъминон] ба муомилае, ки бо Ӯ кардаед, шодмон бошед ва ин ҳамон [растагорӣ ва] комёбии бузург аст