Маркази тарҷумаи Равод — 203
9:100 Ва пешгомони нахустин аз муҳоҷирону ансор ва касоне, ки ба некӣ аз онон пайравӣ карданд, Аллоҳ таоло аз онон хушнуд гашт ва онон [низ] аз Ӯ хушнуд шуданд ва барояшон боғҳое [дар биҳишт] муҳайё кардааст, ки ҷуйборҳо аз зери [дарахтони] он ҷорӣ аст, ҷовидона дар он хоҳанд монд. Ин ҳамон [растагорӣ ва] комёбии бузург аст
9:101 Ва бархе аз аъроб [-и бодиянишини Мадина], ки перомуни шумо ҳастанд, [гурӯҳи] мунофиқанд ва аз аҳли Мадина [низ] гурӯҳе ба нифоқ хӯ гирифтаанд. [Эй Паёмбар] Ту ононро намешиносӣ, [вале] мо ононро мешиносем. Ононро ду бор азоб хоҳем кард, сипас ба сӯйи азоби бузург [дар қиёмат] фиристода мешаванд
9:102 Ва гурӯҳи дигар ба гуноҳони худ [дар бораи фирор аз ҷиҳод] эътироф кардаанд. [Онон] Кори шоиста ва ношоистаро ба ҳам омехтаанд. Умед аст Аллоҳ таоло тавбаи эшонро бипазирад, [чароки] бе тардид, Аллоҳ таоло омурзандаи меҳрубон аст
9:103 Аз амволи онон [тавбакорон] садақа [ва закот] бигир, то ба ин васила ононро [аз гуноҳ] пок гардонӣ ва дараҷоташонро боло бибарӣ ва барояшон дуо кун, [чароки] яқинан дуои ту оромиш барои онон аст. Ва Аллоҳ таоло шунавову доност
9:104 Оё намедонанд, ки Аллоҳ таоло аст, ки тавбаро аз бандагонаш мепазирад ва садақотро меситонад ва бе тардид, Аллоҳ таолост, ки тавбапазири меҳрубон аст
9:105 Ва [эй Паёмбар, ба мутахаллифон аз ҷиҳод ва тавбакорон] бигӯ: «Ба амал кӯшед [ва ончиро, ки аз даст додаед, ҷуброн кунед]. Пас, Аллоҳ таоло ва Паёмбараш ва муъминон корҳои шуморо хоҳанд дид ва ба зудӣ ба сӯйи [Аллоҳ таолои] донои пинҳону ошкор бозгардонда мешавед, сипас Ӯ [дар қиёмат] шуморо аз ончи анҷом медодед, огоҳ месозад»
9:106 Ва гурӯҳи дигар [аз мутахаллифони Табук ҳастанд, ки сарнавишташон] мавкул [вобасташуда] ба фармони Аллоҳ таоло аст: ё азобашон мекунад ва ё тавбаашонро мепазирад. Ва Аллоҳ таоло донову ҳаким аст